Тафсири Сураи Мунофикун Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мунофиқун Ояти 2
اِتَّخَذُوۡۤا اَيۡمَانَهُمۡ جُنَّةً فَصَدُّوۡا عَنۡ سَبِيۡلِ اللّٰهِؕ اِنَّهُمۡ سَآءَ مَا كَانُوۡا يَعۡمَلُوۡنَ ٢
Иттахазу айманаҳум ҷуннатан фасадду ъан сабӣлиллаҳ. Иннаҳум саа ма кану яъмалун. 2.
2. Қасамҳои худро сипар гирифтанд, пас, мардумро аз роҳи Худо бозмедоранд. Албатта, он чиро, ки онҳо мекунанд, бад аст.
Одати зишт дигари мунофиқон он аст, ки қасамҳои бардурӯғ мехӯранд ва онро барои муҳофизати худу амволи худ ҳамчун сипар истифода мебаранд. Афсус, ки ин савгандхӯрии онҳо аз тарси Худо набуда, балки аз тарси бандагони Худост.
Ҳамчунин одати онҳо буд, ки ҳарчанд ҷиҳоди ҳақиқӣ сар шуда бошад ҳам, вале онҳо ба ҳар роҳ мусалмононро аз роҳи Худо боз медоштанд ва бо овозаҳои дурӯғин дар дили онҳо яъс (ноумедӣ) меандохтанд. Айбҳо бофта, мусалмонҳоро дар назди дигарон беобрӯ месохтанд.
Аммо чи илоҷ мувофиқи шариат мардум мунофиқонро ба зоҳир мусалмон пиндошта, фиреб мехӯрданд. Албатта, ин одате, ки мунофиқон доранд бисёр одати бад аст. Ҳар чиро Худо бад гуфт, албатта, подошу ҷазои ин гуна бадкирдори бисёр сахту хавфнок хоҳад буд.
Худованд аз ин гуна одати зишт мову шуморо нигоҳ дорад. Омин!
Рӯйхати оятҳои Сураи Мунофиқун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «