Сураи Мунофиқун Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мунофикун Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Мунофиқун Ояти 1

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

اِذَا جَآءَكَ الۡمُنٰفِقُوۡنَ قَالُوۡا نَشۡهَدُ اِنَّكَ لَرَسُوۡلُ اللّٰهِ ‌ۘ وَاللّٰهُ يَعۡلَمُ اِنَّكَ لَرَسُوۡلُهٗ ؕ وَاللّٰهُ يَشۡهَدُ اِنَّ الۡمُنٰفِقِيۡنَ لَـكٰذِبُوۡنَ‌ ١

Иза ҷаака-л-мунафиқуна қолу нашҳаду иннака ла расулуллоҳи валлоҳу яъламу иннака ла расулуҳу валлоҳу яшҳаду инна-л-мунафиқӣна ла казибун. 1.

1. Ҳар вақто мунофиқон назди ту биёянд, гӯянд: «Гувоҳӣ медиҳем, ки ту албатта, Расули Худо ҳастӣ». Ва Худо медонад, ки албатта, ту пайғамбари Вай ҳастӣ. Ва Худо гувоҳӣ медиҳад, ки мунофиқон дурӯғгӯянд.

Эй Пайғамбар (с), агар мунофиқон мисли Абдуллоҳ ибни Салул ва ёронаш дар назди ту, аз рӯйи риё ва нифоқ гӯянд, ки шоҳидӣ медиҳем, ки албатта, ту Расули Худо ҳастӣ, онҳоро бовар макун ва аз макрашон бохабар бош. Зеро ончӣ онҳо мегӯянд, дар дилашон нест. Онҳо аз нӯги забон мегӯянд. Аммо Аллоҳтаъоло медонад, ки ту Расули барҳаққи Ӯ ҳастӣ ва Ӯ туро барои таблиғи рисолат фиристодаст. Ва Худованд шоҳидӣ медиҳад, ки он чи мунофиқон пеши ту мегӯянд, барои пардапӯш кардани мақсади пинҳонии худашон мегӯянд ва бар дуруғ қасам мехӯранд.

Хулоса, Аллоҳтаъоло ҳушдор додааст, ки мунофиқон дурӯғгӯянд. Истифодаи ҳилаву найранг ва дурӯғ гуфтан барои мунофиқон одате шудааст, ки ба василаи он айби худро мепӯшанд ва мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ месозанд ва барои иҷрои мақсади худ номи Аллоҳро иҳтиром накарда қасамҳо мехуранд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Мунофиқун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Мунофиқун – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Мунофиқун Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)