Тафсири Сураи Мунофикун Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мунофиқун Ояти 3
ذٰلِكَ بِاَنَّهُمۡ اٰمَنُوۡا ثُمَّ كَفَرُوۡا فَطُبِعَ عَلٰى قُلُوۡبِهِمۡ فَهُمۡ لَا يَفۡقَهُوۡنَ ٣
Залика би аннаҳум аману сумма кафару фа тубиъа ъала қулубиҳим фа ҳум ла яфқаҳун. 3.
3. Ин ба сабаби он аст, ки онҳо имон оварданд, баъд аз он кофир шуданд, пас, бар дилҳои онҳо муҳр зада шуд, пас, онҳо намефаҳманд.
Дар он асно мунофиқон назди Расулуллоҳ (с) ва муъминони вафодор калимаи шаҳодатро ба забон оварда, имондории худро зоҳир мекарданд. Вале дар асл он чиро, ки ба забонашон чуноне, ки гузашт иқрор мекарданд, ба дил тасдиқ надоштанд.
Яъне вақто, ки онҳо аз назди мусалмонон мерафтанду, ҳамақидаҳои худро медиданд, рӯирост куфри худро зоҳир сохта, дар ин масъала дилу забонашонро як мекарданд. Кор то ҷое расид, ки Худованд дилҳои онҳо чунон муҳр зада, ки дигар ба дилҳои онҳо будани калимаи имон таъсир надошт.
Онҳо дигар на хайрро аз шар ҷудо мекарданд ва на соҳиби фаросат буданд, ки зиёни худро фаҳм кунанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Мунофиқун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «