Тафсири Сураи Мунофикун Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мунофиқун Ояти 5
وَاِذَا قِيۡلَ لَهُمۡ تَعَالَوۡا يَسۡتَغۡفِرۡ لَـكُمۡ رَسُوۡلُ اللّٰهِ لَـوَّوۡا رُءُوۡسَهُمۡ وَرَاَيۡتَهُمۡ يَصُدُّوۡنَ وَهُمۡ مُّسۡتَكۡبِرُوۡنَ ٥
Ва иза қӣла лаҳум таъалав ястағфир лакум расулуллоҳи лаввав руусаҳум ва раайтаҳум ясуддуна ва ҳум-м мустакбирун. 5.
5. Ва чун ба мунофиқон гуфта шавад: «Биёед, то барои шумо Расули Худо омурзиш бихоҳад», сарҳои худро меҷунбонанд. Ва мебинӣ, ки онҳо такаббуркунон рӯй мегардонанд.
Бо нозил шудани ин ояти карима парда аз рӯи мунофиқон бардошта шуд, зеро баъзе аз хешовандони онҳо, ки мусалмони комил буданд, наздашон рафта гуфтанд, ки эй марг бар шумо, оё медонед, ин оят шуморо ошкору расво сохт ва шумо худро ҳалок кардед? Биёед, ба назди Расулуллоҳ (с), ба гуноҳи худ иқрор шаведу тавба кунед, то Ӯ (с) барои шумо аз Аллоҳтаъоло мағфират ва ҳидояти шуморо биталабад!
Аммо мунофиқон раъйи хешони худро қабул накарданд. Эҳтимол меравад, ки муъминон рафтори ноҷои мунофиқонро дида, даъваташон карданд, ки назди Расулуллоҳ (с) раванду тавба кунанд, вале, аз ғояти кибру ғурур сар ҷунбонида аз ин пешниҳоди муъминҳо рӯй гардониданд.
Иҳтимоли дигар меравад, ки муъминон назди сардори мунофиқон Абдуллоҳ Ибни Убай ибни Салул омада, пешниҳоди болоро намуданд, вале ӯ аз рӯи инкор сар ҷунбонида, ба онҳо гуфт: “Шумо ба имон ишорат кардед, имон биёр гуфтед имон овардам, закот деҳ гуфтед, закот додам, ба шумо дигар чизе боқӣ намонд, магар ин ки маро амр намоед, то Муҳаммадро саҷда кунам!”. Валлоҳу аълам.
Аллоҳтаъоло дар ояти зер баён месозад, ки истиғфор барои мунофиқон манфиате намеорад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Мунофиқун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «