Тафсири Сураи Мунофикун Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мунофиқун Ояти 4
۞ وَاِذَا رَاَيۡتَهُمۡ تُعۡجِبُكَ اَجۡسَامُهُمۡ ؕ وَاِنۡ يَّقُوۡلُوۡا تَسۡمَعۡ لِقَوۡلِهِمۡ ؕ كَاَنَّهُمۡ خُشُبٌ مُّسَنَّدَةٌ ؕ يَحۡسَبُوۡنَ كُلَّ صَيۡحَةٍ عَلَيۡهِمۡ ؕ هُمُ الۡعَدُوُّ فَاحۡذَرۡهُمۡ ؕ قَاتَلَهُمُ اللّٰهُ اَنّٰى يُـؤۡفَكُوۡنَ ٤
۞ Ва иза раайтаҳум туъҷибука аҷсамуҳум. Ва ин яқулу тасмаъ ли қавлиҳим. Ка аннаҳум хушубу-м мусаннадаҳ. Яҳсабуна кулла сайҳатин ъалайҳим. Ҳуму-л ъадувву фаҳзарҳум. Қоталаҳумуллоҳ. Анна юъфакун. 4.
4. Ва чун онҳоро бубинӣ, ҷисмҳои онҳо туро дар тааҷҷуб орад. Ва агар онҳо сухан гӯянд сухани онҳоро бишнавӣ. Гӯё ки онҳо чӯбҳоеанд, ки ба девор такядода шудаанд. Ҳар овози тундеро балое бар худ мепиндоранд. Онҳоянд душманон(-и шумо), пас, аз онҳо ҳазар кун. Аллоҳ онҳоро ҳалок гардонад, ки чӣ гуна (чаро) аз (роҳи) ҳақ гардонида мешаванд?
Дар байни мунофиқон шахсоне ҳастанд, ки чун қаду қомату салобати онҳоро бубинӣ, бинандаро ба тааҷҷубу шигифт меорад. Онҳо чун ба сухан биёянд, каломашон пур аз фасоҳату балоғат ва бисёр ширину гуворо ҳарф мезананд.
Шунаванда аз дурӯғросткунӣ ва найранги онҳо хоҳ ногоҳ ба сӯи онҳо мутаваҷҷеҳ гашта, бовар намуда ба доми фитнаашон меафтад. Сарвари мунофиқони ансор-Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салул чунин маҳоратро соҳиб буд ва ҳусну сурате дошт, ки бинанда ҳеҷ гоҳ гумон намекард, ки ботинан ӯ чунин ифлос бошад. Вале ӯ ва асҳобаш бар зидди Пайғамбари Худо (с) ва мусулмонон амалҳои зишт ва адовату кинаву душманӣ анҷом медоданд.
Ҳар гоҳе, ки ба маҷлиси Расулуллоҳ (с) ҳозир мегаштанд, қаду басту пайкари онҳо ҳозиринро ба тааҷҷуб меовард. Вале онҳоро Офаридгор ба чӯбҳои ғафси ба девор такязада (поязада) монанд кард, ки соҳиби қувватанд, вале аз ақл ориянд, чун рӯзашон фаро расад, ба сифати ҳезум истифода бурда мешаванд. Мунофиқон низ соҳиби пайкару ҳусну сурат ва каломи ширинанд, вале аз ин ба онҳо манфиате нест ва охируламр агар тавба накунанд ҳезуми Дӯзах хоҳанд шуд.
Чун онҳо дурӯяанд, доимо дар зери тарсу ҳарос қарор доранд. Ҳар овозу фарёдеро бишунаванд, гумон мекунанд, ки бар зарари онҳост, гӯё ҳозир, ё дертар мунофиқияшон ошкор мешаваду парда аз рӯи онҳо меафтад ва симои ҳақиқии онҳоро мусалмонон дониста, расвояшон хоҳанд кард.
Ҷумлаи охири ояти мазкур алайҳи онҳо дуъои бад намуда фармудааст, ки ин тоифаеро, ки ба зоҳир мусалмону ба ботин душмани мусалмонҳоянд, Худованд хору залил гардонад ва аз раҳматаш дур созад. Зеро онҳо аз ҳидоят рӯгардон ва ба залолат моил, аз ақлу фаросат бегона ва ба ҷаҳолат мутамоил ва ба муъҷизаҳои Расулуллоҳ (с) ноқоил гардиданд. Бахти чунин ашхос бад аст, ки ин дуо дар ҳаққи онҳо наъузу биллоҳ раво дида шуд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Мунофиқун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «