Тафсири Сураи Мунофикун Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мунофиқун Ояти 6
سَوَآءٌ عَلَيۡهِمۡ اَسۡتَغۡفَرۡتَ لَهُمۡ اَمۡ لَمۡ تَسۡتَغۡفِرۡ لَهُمۡؕ لَنۡ يَّغۡفِرَ اللّٰهُ لَهُمۡؕ اِنَّ اللّٰهَ لَا يَهۡدِى الۡقَوۡمَ الۡفٰسِقِيۡنَ ٦
Саваун ъалайҳим астағфарта лаҳум ам лам тастағфир лаҳум ла-й яғфираллоҳу лаҳум. Инналлоҳа ла яҳди-л-қавма-л-фосиқӣн. 6.
6. Барои онҳо омурзиш бихоҳӣ ё барои онҳо омурзиш нахоҳӣ, баробар аст. Ҳаргиз Худо онҳоро намеомурзад. Албатта, гурӯҳи фосиқонро Аллоҳ ҳидоят намекунад!
Ҳазрати Расулуллоҳ (с) аз рӯи шафқат ва меҳрубоние, ки дошт, мехост барои онҳо аз Худо мағфират бихоҳад, вале онҳо, ки бадбахту бе имон буданд, бинобар ин Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур Расули худ (с) фармуд, ки барои мунофиқон омӯрзиши гуноҳ хостан, ё нахостан ягон нафъе надорад. Аллоҳтаъоло онҳоро намеомурзад. Зеро онҳо фосиқу фоҷиру аз тоъати Аллоҳтаъоло ва Расули Ӯ (с) хориҷанд.
Во аҷобо аз вазнинии гуноҳи мунофиқон, ҳатто барои онҳо агар Расулуллоҳ (с) истиғфор гӯяд ба онҳо нафъе намерасонад; Хулоса, Худованд чунин қавми дар куфр доимо устуворӣ нишондодаро ҳаргиз на мағфират мекунад ва на ба роҳи рост ҳидоят намекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Мунофиқун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «