Тафсири Сураи Мунофикун Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мунофиқун Ояти 7
هُمُ الَّذِيۡنَ يَقُوۡلُوۡنَ لَا تُنۡفِقُوۡا عَلٰى مَنۡ عِنۡدَ رَسُوۡلِ اللّٰهِ حَتّٰى يَنۡفَضُّوۡاؕ وَلِلّٰهِ خَزَآٮِٕنُ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِ وَلٰـكِنَّ الۡمُنٰفِقِيۡنَ لَا يَفۡقَهُوۡنَ ٧
Ҳуму-л-лазӣна яқулуна ла тунфиқу ъала ман ъинда расулиллаҳи ҳатта янфаЗЗу.Ва лиллаҳи хазаину-с-самавати ва-л-арЗи ва лакинна-л-мунафиқӣна ла яфқаҳун. 7.
7. Онҳо касонеанд, ки ба ёрони худ мегӯянд: «Бар ашхосе, ки назди Расулуллоҳанд, нафақа накунед, то пароканда шаванд». Ва хазинаҳои осмонҳо ва Замин аз они Худост, валекин мунофиқон намедонанд.
Мунофиқон, ки ҳикмату тадбири Аллоҳтаъолоро намефаҳманд, ёва мегӯянд ва бори дигар гумроҳии худро зоҳир месозанд. Аз он ҷумла сухани Абдуллоҳ ибни Сулол ин буд, ки ба ҳамақидаҳои мунофиқи худ гуфт: “Ба муҳоҷирони дар атрофи Расулуллоҳ (с) ҷамъомада нафақа ва кумаки молию иқтисодӣ надиҳед, то ба ҳар сӯй пароканда шаванд ва аз пайи ризқу рӯзии худ раванд”.
Яъне мунофиқон аз кумаке, ки ба муҳоҷирон карда буданд, бо васвосаи ибни Салом афсӯс мехӯрданд ва аллакай пушаймон ҳам шуда буданд. Ҳол он, ки хазинаҳои Замину осмонҳо ва ризқу рӯзӣ дар тасарруфи Аллоҳтаъоло аст. Ба касе хоҳад, медиҳад ва ҳеҷ кас ин фазли Худовандро манъ карда наметавонад. Локин шахсони мунофиқ инро хуб намефаҳманд. Онҳо бо ин муқаддимаи худ иктифо накарда боз ёваи дигаре чуноне, ки дар ояти зер омадааст гуфтанд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Мунофиқун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «