Сураи Мурсалат Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мурсалат Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Мурсалат Ояти 1

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

وَالۡمُرۡسَلٰتِ عُرۡفًا ١

Ва-л-мурсалати ъурфа. 1.

1. Қасам ба бодҳо (ё фариштаҳо) – и ба ваҷҳи некӣ фиристодашуда,

Тавре дар муқаддима ишора шуд “мурсалот” фиристодашударо гӯянд. Муфассирини киром ин оятро ба ду тарз маънидод кардаанд.

Якум: Мурод аз мурсалот фариштагонро гуфтаанд.

Аммо гурӯҳи дуюм шамолу бодро гуфтаанд. Ҳамчунин калимаи “урфан”-ро низ ба ду маъно баён кардаанд яке онро маъруф (некӣ, хубӣ) ва гурӯҳи дигар онро “ёли асп” маъно додаанд, ки паси ҳамдигар ҷафс, қарор гирифтаанд. Агар “мурсалот”-ро ба маънои фариштаҳо бигирем оятҳои мазкур чунин мазмун хоҳад дод: Қасам ба фариштагоне, ки барои корҳо аз тарафи Ӯ таъоло ба ваҷҳи некӣ фиристода шудаанд. Агар “урфан”-ро ба маънои “ёли асп” гӯем, пас маъно чунин мешавад, ки қасам ба фариштагоне, ки мисли ёли асп ба ҳамдигар барои иҷрои амри Парвардигор ҷафсу паси ҳам қарор гирифта аз амри Ӯ саркашӣ намекунанд.

Агар “мурсалот” ба маънои боду шамолҳои нек, хуб пазируфта шавад маъно чунин шавад, ки қасам ба бодҳое, ки яке тобеъи дигар ба ваҷҳи некӣ мевазанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Мурсалат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Мурсалат – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Мурсалат Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)