Сураи Мурсалат – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мурсалат – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Мурсалат 77-ум сураи Қуръон буда, дар Макка нозил шуда аз 50 оят иборат аст.

Сураи Мурсалот чун дигар сураҳои дар Макка нозил шуда ба устувор гардонидани ақидаи муъминон, баёни аҳволи охират, шарҳи қудрат ва ваҳдонияти Аллоҳтаъоло ва тавзеҳи амрҳои ғайбия нигаронида шудааст.

Аллоҳтаъоло фаришта Ҷабраил (а)-ро мусаллат гардонид то ин сура ва ё умуман Қуръонро аз назди Худ ба ҷаноби Пайғамбар (с) оят-оят бирасонад. Он фаришта ва амсоли ӯро “мурсалот” мегӯянд.

Дар ин сура ҳаққу рост будани Қиёмату азоби он, қудрати беҳадду беандозаи Ӯ таъоло ва соҳиби муъҷиза буданаш зикр гардида аст. Аллоҳтаъоло бо фариштагоне, ки барои тадбири баъзе амрҳо вазифадору вобаста карда шудаанд савганд ёд кардааст, ки он чи ваъда шудааст аз қиёмату баъсу, охирату подошу ҷазо ҳама ҳақ аст ва воқеъ хоҳад шуд. Ҳамчунин дар зимни оятҳои ин сура шодиву нишоти ҷаннатиён, ки барои аъмоли некашон подоши арзанда гирифтаанд ва аҳволи куффор бо он ғаму андӯҳ ва азобу уқубаташон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Бо ин муқаддимаи кӯтоҳ кӯшидем даричаи ин сураро ба рӯйи шумо боз кунем.


Рӯйхати оятҳои Сураи Мурсалат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Инсон Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Мурсалат Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)