Тафсири Сураи Мурсалат Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мурсалат Ояти 2
فَالۡعٰصِفٰتِ عَصۡفًا ٢
Фа-л-ъасифати ъасфа. 2.
2. Пас, қасам ба бодҳои (бо шиддат) тундвазанда.
Аллоҳтаъоло ба бодҳои тундвазанда, ки қавми Одро аз бехубун нобуд сохт ва он чунон вазид, ки ҳар чизи дар роҳаш вохурандаро кандаву валангору хароб сохт, савганд ёд кардааст.
Агар ин оят ба ояти якум алоқаи мантиқие дошта бошад, чунин бармеояд, ки Аллоҳтаъоло ба фариштагоне, ки ваҳйи илоҳиро ҳамчу башорат, раҳмат, хотирҷамъӣ ва ё ба бодҳои нарме, ки ба аҳли Замин борон, серҳосилӣ ва дигар манфиатҳо меоранд ва инчунин ба бодҳои харобкунанда қасам ёд намудааст.
Ба ҳар тақдир ҳар ду ҳолат ҳам тобеъи иродаи Парвардигоранд. Қасамхурии Аллоҳтаъоло идома дорад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Мурсалат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «