Тафсири Сураи Мурсалат Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мурсалат Ояти 50
فَبِاَىِّ حَدِيۡثٍۢ بَعۡدَهٗ يُؤۡمِنُوۡنَ ٥٠
Фа би аййи ҳадӣсин баъдаҳу юъминун. 50.
50. Пас, баъди Қуръон ба кадом сухан имон хоҳанд овард?
Оре аз Қуръон ва баъди он аз ҳадис дида ҳеҷ сухане болотар нест. Чун мушрикон ба Қуръон эътиқод накарданд, сухани Расул (с)-ро бовар надошта имон наоварданд, дигар ба кадом сухан онҳо имон меоранду бовар мекунанду намоз мехонанд? Онҳо дар ҷаҳолат фурӯ рафтаанд ва он ҷаҳолат гӯши онҳоро кару дилашонро чунон санг гардонидааст, ки дигар ҳарфи ҳақро намешунаванд ва дилашон аз шунидани сухани ҳақ об намехӯрад…
Поёни сураи “Мурсалот” ва лиллоҳил ҳамд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Мурсалат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «