Тафсири Сураи Мутаффифин Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мутаффифин Ояти 13
اِذَا تُتۡلٰى عَلَيۡهِ اٰيٰتُنَا قَالَ اَسَاطِيۡرُ الۡاَوَّلِيۡنَؕ ١٣
Иза тутла ъалайҳи айатуна қола асатӣру-л-аввалӣн. 13.
13. Ки ҳар вақто бар вай оёти Мо хонда шавад, гӯяд: «Афсонаҳои пешиниён аст».
Ҳаққ субҳонаҳу ва таъоло дар мазмуни ин оят фармудааст, ки ҳар вақто ки Расули Аллоҳ (с) бо мақсади даъвати ин гурӯҳи ситамкор ба роҳи ҳидоят ва росту покизаи ваҳдат оятҳоеро, ки бад будани амалҳояшонро нишон медиҳад, аз Қуръони маҷид хонаду фаҳмонад, онҳо аз рӯйи кибру саркашӣ мегӯянд, ки ин ҳама куҳнахаёлҳо ва афсонаҳои пешиниён аст. Ҳол он ки ояти зер онҳоро бо як дилкӯбии шадид рад намуда, ботил будани суханҳояшонро нишон медиҳад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Мутаффифин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «