Тафсири Сураи Мутаффифин Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мутаффифин Ояти 26
خِتٰمُهٗ مِسۡكٌ ؕ وَفِىۡ ذٰلِكَ فَلۡيَتَنَافَسِ الْمُتَنَافِسُوۡنَ ٢٦
Хитамуҳу миск. Ва фӣ залика фа-л-ятанафаси-л мутанафисун. 26.
26. Ки муҳр он аз мушк бошад, дар он бояд рағбаткунандагон рағбат кунанд.
Яъне муҳри даҳони зарфаҳое, ки шароби Ҷаннат доранд аз мушк тайёр карда шудааст.
Аз ин шароби гуворо нӯшидан нишонаи бахту мартабаи баланди ҷаннатиён аст. Лаззатҳои Ҷаннат бо лаззатҳои дунё муқоисанашаванда аст. Аҳли Ҷаннат аз дигар неъматҳои илоҳӣ, ки дар дараҷаҳои камоли хубӣ ва зебоӣ ҳастанд, истифода мекунанд. Ҳар кас ба ин мартаба, ба ин обрӯ, ба ин ҳаловатҳои Ҷаннат рағбат дошта бошад, марҳамат рағбат кунад. Бо шавқ ва хоҳиши бузург амрҳои Парвардигорро дар ин дунё иҷро кунад. Вақти барои умри вай ҷудошударо беҳуда сарф накунад. Аз амалҳои баде, ки Худои таъоло манъ кардааст, худро нигоҳ дорад. Таърифу сифати шароби Ҷаннат давом дорад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Мутаффифин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «