Тафсири Сураи Муззаммил Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муззаммил Ояти 19
اِنَّ هٰذِهٖ تَذۡكِرَةٌ ۚ فَمَنۡ شَآءَ اتَّخَذَ اِلٰى رَبِّهٖ سَبِيۡلًا ١٩
Инна ҳазиҳӣ тазкираҳ. Фа ман шааттахаза ила Раббиҳӣ сабӣла. 19.
19. Албатта, ин панд аст, пас, шахсе хоҳад, ба сӯйи Парвардигори худ роҳ дар пеш гирад.
Дар ин оятҳои каримаи тарсдиҳанда ва ҳушёрдиҳанда, ки дар онҳо тарсу, ҳаросу дилкӯбӣ аз рӯзи қиёмат дида мешавад, барои мардум панду мавъиза ҳаст. Онҳое, ки аз ин ҳақиқат ғофиланд ҳанӯз, ки вақт ҳаст аз роҳи шаётин боз пас гарданд, ба тоъату ибодату ба ҷо овардани фароизу воҷибот машғул шаванд, аз суннати Расулуллоҳ (с) пайравӣ намоянд ва ба сӯйи Парвардигори ягонаи худ роҳ гиранд. Зеро ягона роҳи дуруст роҳи дини Ислом аст.
Аллоҳтаъоло “сураи Музаммил”-ро бо ояти дарози таҳтуззикр ба поён расонидааст ва чунин ривоят низ шудааст, ки аз нозил шудани оятҳои аввал то омадани ояти охир аз байн як сол гузаштааст. Худо аз ҳама донотар аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муззаммил «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «