Тафсири Сураи Муззаммил Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муззаммил Ояти 20
۞ اِنَّ رَبَّكَ يَعۡلَمُ اَنَّكَ تَقُوۡمُ اَدۡنىٰ مِنۡ ثُلُثَىِ الَّيۡلِ وَ نِصۡفَهٗ وَثُلُثَهٗ وَطَآٮِٕفَةٌ مِّنَ الَّذِيۡنَ مَعَكَؕ وَاللّٰهُ يُقَدِّرُ الَّيۡلَ وَالنَّهَارَؕ عَلِمَ اَنۡ لَّنۡ تُحۡصُوۡهُ فَتَابَ عَلَيۡكُمۡ فَاقۡرَءُوۡا مَا تَيَسَّرَ مِنَ الۡقُرۡاٰنِؕ عَلِمَ اَنۡ سَيَكُوۡنُ مِنۡكُمۡ مَّرۡضٰىۙ وَاٰخَرُوۡنَ يَضۡرِبُوۡنَ فِى الۡاَرۡضِ يَبۡتَغُوۡنَ مِنۡ فَضۡلِ اللّٰهِۙ وَاٰخَرُوۡنَ يُقَاتِلُوۡنَ فِىۡ سَبِيۡلِ اللّٰهِ ۖ فَاقۡرَءُوۡا مَا تَيَسَّرَ مِنۡهُ ۙ وَاَقِيۡمُوا الصَّلٰوةَ وَاٰتُوا الزَّكٰوةَ وَاَقۡرِضُوا اللّٰهَ قَرۡضًا حَسَنًا ؕ وَمَا تُقَدِّمُوۡا لِاَنۡفُسِكُمۡ مِّنۡ خَيۡرٍ تَجِدُوۡهُ عِنۡدَ اللّٰهِ هُوَ خَيۡرًا وَّاَعۡظَمَ اَجۡرًا ؕ وَاسۡتَغۡفِرُوا اللّٰهَ ؕ اِنَّ اللّٰهَ غَفُوۡرٌ رَّحِيۡمٌ ٢٠
۞ Инна Раббака яъламу аннака тақуму адна мин сулусайи-л-лайли ва нисфаҳу ва сулусаҳу ва тлифату-м мина-л-лазӣна маъак. Валлоҳу юқаддиру-л лайла ва-н-наҳар. Ъалима ал лан туҳсуҳу фа таба ъалайкум фақрау ма таяссара мина-л-Қур-ан. Ъалима ан саякуну минкум-м марЗо ва ахаруна яЗрибуна фи-л арЗи ябтағуна мин фаЗлиллаҳи ва ахаруна юқотилуна фӣ сабӣлиллаҳ. Фақрау ма таяссара минҳ. Ва ақӣму-с-салата ва ату-з-заката ва ақриЗуллоҳа қарЗан ҳасана. Ва ма туқаддиму ли анфусикум-м мин хайрин таҷидуҳу ъиндаллоҳи ҳува хайра-в ва аъзама аҷро. Вастағфируллоҳ. Инналлоҳа Ғафуру-р-Раҳӣм. 20.
20. Албатта, Парвардигори ту медонад, ки ту ва гурӯҳе аз касоне ки ҳамроҳи туанд, низ камтар аз ду сеяки шаб ва нисфи шабро ва сеяки шаб бармехезед. Худованд шаб ва рӯзро андоза мекунад. Худо донист, ки шумо қиёми лайлро иҳота карда наметавонед, пас, бар шумо ба сабукӣ раҳм кард (тарки қиёми шабро рухсат дод). Пас, бихонед аз Қуръон он чӣ осон бошад! Худо донист, ки аз шумо беморон хоҳанд буд ва дигарон дар Замин сафар мекунанд, аз фазли Худо талаби рӯзӣ менамоянд, ва дигарон дар роҳи Худо набард мекунанд. Пас, бихонед аз Қуръон он чӣ ки осон бошад ва барпо доред намозро ва бидиҳед закотро ва қарз диҳед Худоро қарзи ҳасана (садакаи дар роҳи хайр). Ва он чӣ барои нафсҳои худ аз некиҳо пеш мефиристед, онро назди Худо меёбед, ки он аз рӯйи аҷр беҳтар ва бузургтар аст. Ва аз Худо талаби омурзиш кунед, албатта, Худо мағфираткунанда ва раҳмхор аст.
Аллоҳтаъоло ба пайғамбари худ хитоб намуда, дар ин оят фармудааст, ки эй Муҳаммад (с), Парвардигори ту медонад, ки барои намози таҳаҷҷуд ва ибодат камтар аз се ду ҳиссаи шаб ва гоҳо нисфи шабро ва гоҳо аз се як ҳиссаи шабро бо ҳамроҳии асҳобат (саҳобагонат) дар ибодат мегузаронӣ. Ба миқдори мӯҳлати шабу рӯз ва ба ҷузъҳои он ва ба соатҳои он Худованд олим аст. Яъне он миқдоре, ки шумо дар торикии шаб барои талаби ризои Ӯ таъоло ибодат мекунед аз илми Аллоҳтаъоло берун нест. Локин Аллоҳтаъоло медонад, ки шумо ин қадар ибодат карданро, яъне на ҳамаи шаб ва на камтар аз се ду ҳиссаи шабро тоқат надоред.
Пас, Худованди таборак ва таъоло бар шумо раҳм кард ба шумо сабукӣ бахшида гуфт, ки намози шабро он миқдоре бихонед, ки барои шумо осон бошад. (Ба ин оят воҷиби қиёми шаб соқит шуд ва он ба саҳобагон нафл гашт ва ба расули Худо (с) ҳамчун фарз боқӣ монд.) Зеро Худованд ҷалла ҷалолуҳу медонад, ки дар байни шумо касоне ҳастанд, ки аз беморӣ оҷиз гардидаанд ва ҳастанд нафароне, ки барои тиҷорату талаби ризқ ва касби моли ҳалол дар сафаранд, ва инчунин ҳастанд онҳое, ки муҷоҳид шуда, дар роҳи Худо барои баланд бардоштани калимаи Аллоҳ ва нашри дини Ӯ ҷиҳод мекунанд. Барои ин гурӯҳҳои зикршуда яъне аз се ду ё аз се як ҳисса ё нисфи шаб қиём кардан машаққат аст.
Аз ҳамин ҷиҳат Худованд “қиёми лайл”-ро аз онҳо сабукдуш сохт. Зеро беморро аз барпо доштани таҳаҷҷуд бемориаш боз медорад, тоҷир бошад агар шаб хоб накунад рӯз фаъолият карда наметавонад ва муҷоҳид низ ҳамчунин аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муззаммил «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
Хулоса, Ӯ таъоло воҷибияти таҳаҷҷудро аз мардум мансух гардонид, ва амр кард, ки аз намози шаб он миқдоре бихонед, ки бар шумо осон бошад ва дар намоз ҳам он миқдоре Қуръон бихонед, ки муяссари шумо аст. Баъд аз он Аллоҳтаъоло ба адои ду ибодате, ки модари ибодатҳост амр карда фармуд, ки бар ваҷҳи акмал намозҳои фарзро адо кунед, закоте, ки бар шумо воҷиб аст, онро бар мустаҳиққашон бидиҳед.
Зеро намоз байни Худову банда ва закот байни бандагон ҳамчун сутунҳои динанд. Гузашта аз ин намоз бузургтарин ибодати баданӣ ва закот бартарин ибодати молӣ мебошад. Давоми оят фармудааст, ки дар корҳои хайру эҳсон барои талаби ризои Ӯ таъоло хоҳ воҷиб бошад хоҳ мустаҳаб садақа диҳед. Фаромӯш набояд кард, ки ҳар сарфи моле, ки мувофиқи талаботи шаръи шариф бошад мисли ҳурмати меҳмон, силаи раҳм ва ғайра онро қарзи ҳасана гӯянд.
Ҳар кори неку хайреро, ки инсон ба ҷо орад, албатта, онро назди Парвардигор во мехурад. Дунё фонӣ ва охират боқист. Дар ҷамиъи аҳвол бояд аз Худо талаби мағфират кард.
Чун инсон аз нуқсон холӣ нест бояд пайваста астағфируллоҳ гӯяд, раҳмати Аллоҳтаъоло васеъ аст. Ӯ таъоло мағфираткунандаи гуноҳон ва беандоза раҳмхору ғамхори бандагони худ аст.
Поёни сураи “Муззаммил” ва лилоҳил ҳамд.