Тафсири Сураи Наба Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наба Ояти 36
جَزَآءً مِّنۡ رَّبِّكَ عَطَآءً حِسَابًا ٣٦
Ҷазаа-м ми-р Раббика ъатоан ҳисаба. 36.
36. Аз ҷониби Парвардигори ту подошест ҳисобкардашудаву басанда.
Яъне он чи аз неъматҳо дар боло зикр шуд, ҳамаи онҳо абадӣ буда, аз ҷониби Парвардигор подоши нек, атои хуб ва фазлу эҳсону раҳмати Ӯст. Онҳо барои бандае, ки аҳли Ҷаннат аст, аз рӯйи ҳисоб вафокунанда ва кифоякунанда аст. Парвардигор чӣ Зотест дар оятҳои зер баён шудааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Наба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «