Тафсири Сураи Наба Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наба Ояти 37
رَّبِّ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا الرَّحۡمٰنِ لَا يَمۡلِكُوۡنَ مِنۡهُ خِطَابًا ٣٧
Рабби-с-самавати ва-л арЗи ва ма байнаҳума-р-Раҳман. Ла ямликуна минҳу хитоба. 37.
37. Парвардигори Осмонҳо ва Замин ва он чӣ байни ин ду ҳаст, Раҳмон (Аллоҳ) аст, ки аз (ҳайбати) Ӯ касе натавонад сухан гӯяд.
Яъне Аллоҳтаъоло аз азамату ҷамолу шукӯҳи худ хабар медиҳад, ки албатта, Ӯ Рабби осмонҳо, Замин ва тамоми махлуқоте, ки дар байни ин ду ҳаст, буда ва бахшояндае ҳаст, ки раҳматаш ҳама махлуқотро фаро мегирад.
Оё метавон назди чунин Зот бе иҷозати Ӯ ба сухан гуфтан шурӯъ кард? Ҳаргиз не! Магар ба изни Ӯ.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «