Сураи Наба Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Наба Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наба Ояти 38

يَوۡمَ يَقُوۡمُ الرُّوۡحُ وَالۡمَلٰٓٮِٕكَةُ صَفًّا ؕۙ لَّا يَتَكَلَّمُوۡنَ اِلَّا مَنۡ اَذِنَ لَهُ الرَّحۡمٰنُ وَقَالَ صَوَابًا‌ ٣٨

Явма яқуму-р-Руҳу ва-л-малаикату саффа. Ла ятакалламуна илла ман азина лаҳу-р-Раҳману ва қола саваба. 38.

38. Рӯзе, ки Рӯҳ ва фариштагон саф баста биистанд, сухан нагӯяд, магар он ки Раҳмон (Аллоҳ) ӯро иҷозат дода бошад ва сухани ростро бигӯяд.

Ҳар вақте ки қиёмат қоим шавад, Руҳул Қуддус ҳазрати Ҷабраил (а) ва соири малоик саф мезананд. (Рӯҳ дар тафсирҳо ба чандин маъно омадааст ва яке аз он ҳазрати Ҷабраил аст). Дар он рӯзи даҳшатовар ва бо ин қадар лашкари сафзада, оё касе ё фариштае ҷуръат карда метавонад, ки бе иҷозати Худованд дар сухан дарояд?

Ҳаргиз не! Магар шахсе ба сухан шурӯъ мекунад, ки Худованд ба ӯ иҷозат диҳад. Ӯ сухани савобу рост гӯяд. Аҳли тафсир гуфтаанд: “сухани савоб” калимаи тайиба ва шаҳодат аст.. Яъне касоне, ки дар дунё калимаи “Ло илоҳа иллаллоҳ”-ро мегуфтанд ва ба тақозои ӯ амал мекарданд, дар он рӯз ба онҳо барои сухан гуфтан иҷозат мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наба Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наба Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)