Сураи Набаъ Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Наба Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наба Ояти 40

اِنَّاۤ اَنۡذَرۡنٰـكُمۡ عَذَابًا قَرِيۡبًا ۖ يَّوۡمَ يَنۡظُرُ الۡمَرۡءُ مَا قَدَّمَتۡ يَدٰهُ وَيَقُوۡلُ الۡـكٰفِرُ يٰلَيۡتَنِىۡ كُنۡتُ تُرٰبًا ٤٠

Инна анзарнакум ъазабан қарӣба-й явма янзуру-л-мар-у ма қаддамат ядаҳу ва яқулу-л-кафиру йа лайтанӣ кунту туроба. 40.

40. Албатта, Мо шуморо аз азоби қариб тарсонидем, рӯзе ки одамӣ он чизеро ки ду дасти ӯ тақдим карда аст, бубинад ва инсони кофир бигӯяд: «Эй кош ман хок мебудам!».

Дар ривоятҳо омада, ки чун қиёмат қоим (баргузор) гардад, ҳисобу китоб оғоз шавад, ҳайвоноти дунё низ мавриди тафтиш ва суолу ҷавоб қарор хоҳанд гирифт. Агар як ҳайвон ба ҳайвони дигар зулм карда бошад, ҳайвони мазлум аз золим бо хости Худо ҳаққи худро меситонад. Баъд аз ин Худованд онҳоро амр кунад, ки ҳама хок шаванд. Дарҳол хок бигарданд, ки ин нишонаи камоли адли Парвардигор аст.

Кофирон хок гаштани ҳайвонҳоро дида, хок гаштани худро орзу кунанд. Зеро амалҳои бад ва фосидкориҳои дар дунё доштаашонро Худованд то рӯзи қиёмат махфӣ медошт, акнун бо воситаи фариштагон ва шоҳидон сирҳояшонро ошкоро мегардонанд, онҳо аниқ дарк мекунанд, ки ба азоби даҳшатнок ва доимии Дӯзах гирифтор хоҳанд шуд. Қасосу азоби ҳайвонҳо интиҳо дорад, аммо азоби Дӯзах абадӣ аст. Аз ин рӯ, кофирон орзу кунанд, ки кош мо низ хок мегардидему аз чунин шармандагӣ ва азоби беохири Ҷаҳаннам раҳо меёфтем. Вале ин орзуи онҳо амалӣ нахоҳад гашт, чунки дар ин дунё фақат бо фисқу фасод машғул буданду ин рӯзро бовар надоштанд.

Адибе гуфтааст.

Бе Ту санамо қарор натавонам кард.
Эҳсони Туро шумор натвонам кард.

Гар бар тани ман забон шавад ҳар мӯе,
Як шукри Ту аз ҳазор натвонам кард.

Дарахте, ки талхаст ӯро сиришт,
Гараш баринишони ба боғи биҳишт.

В-ар аз ҷӯйи хулдаш ба ҳангоми об,
Ба бех ангубин резию шаҳду ноб.

Саранҷом гавҳар ба кор н-оварад,
Ҳамон меваи талх ба бор оварад.

Аллоҳумма аътиқ риқобано ва риқоба обоино ва риқоба уммаҳотино минаннор.

Худовандо, моро ва падару модарони моро ва ҷамии муъминон ва муъминаҳоро аз оташи Дӯзах озод гардон! Омин!

Поёни сураи “Набаъ”. Ва лиллоҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наба Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нозиъот – Тафсири Осонбаён (Қуръон)