Сураи Наҳл Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 1

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

أَتَىٰ أَمْرُ اللَّهِ فَلَا تَسْتَعْجِلُوهُ ۚ سُبْحَانَهُ وَتَعَالَىٰ عَمَّا يُشْرِكُونَ ١

Ата амруллоҳи фа ла тастаъҷилуҳ. Субҳанаҳу ва таъала ъам ма юшрикун. 1.

1. Амри Худо наздик омад, пас, онро бо шитоб талаб макунед! Худованд аз оне ки шарики Ӯ муқаррар мекунед, поку баландқадр аст!

Одатан арабҳо бар воқеъшавии ҳарчизе дар оянда ҳатмӣ бошад, онро бо феъли замони гузашта таъбир карда мегӯянд: «Он амр омад»

Бо назардошти ин фикр, ояти мазкур чунин маъно мегирад: омад амри Аллоҳ, пас шитоб накунед! Ҷумҳури муфассирон итифоқ бар он доранд, ки «Амри Худо» дар ин оят ба маънои рӯзи қиёмат аст. Пас, қисми аввали оят хабар медиҳад, ки хоҳ нохоҳ ба зудӣ рӯзи қиёмат омаданӣ аст.

Агар ба ривояти Ибни Аббос (р) дар бораи сабаби нузули ин оят назар шавад, он қавли ҷумҳури муфассиронро таъйид мекунад. Хулоса, чун ҷумлаи «Ато амруллоҳи» (омад амри Худо) нозил шуд, саҳобагони Расулуллоҳ (с) саросемавор ба гумоне, ки қиёмат барпо шуд, аз ҷояшон бархестанд. Ҳамоно ҷумлаи «Фало тастаъҷилун» (Пас, онро бо шитоб талаб накунед) нозил шуд. Дар ин ҳангом асҳоб оромона ба ҷои худ нишастанд.

Замоне ки ингуна оятҳо дар Макка нозил мешуд, замоне буд, ки байни Расулуллоҳ (с) ва мушрикону бутпарастон баҳсҳо ва мунозираҳои шадид дар ҷараён буд. Онҳо чун даъвати ҳаётбахши Расулуллоҳ (с)-ро мешуниданд, баҳонаҷӯӣ мекарданд. Аз он ҷумла, вақто ки Расулуллоҳ (с) онҳоро бо чунин оятҳо бо азоби Илоҳӣ таҳдид мекард, баъзе аз онҳо (тамасхуркунандагон) аз рӯйи истеҳзо мегуфтанд: «Агар омадани ингуна азобҳо, ки ба мо ваъда медиҳӣ, рост аст, пас чаро ба суроғаи мо намеоянд?». Ояти мазкур нозил шуд, ваҳму хаёли ботили онҳоро рад намуда ба онҳо гуфт, ки шумо омадани азобро бо шитоб талаб накунед, ҳукму фармони Худованд дар бораи ҷазои шумо мушрикон қатъӣ аст. Ҷазо дер ё зуд ба шумо мерасад. Охири ояти мазкур мефармояд, ки аз Худованд ончи ба Ӯ шарик муқаррар мекунанд, поку баландқадр аст. Яъне агар мушрикон андеша дошта бошанд, ки бутҳояшон онҳоро назди Худованд, рӯзи қиёмат шафоъат (талаби бахшиши гуноҳҳо) мекунанд, чунин гумону андеша беҳуда аст. Зеро Худованд якка ва ягона аст, ҳеҷ гуна шарик ва ёрирасон надорад. Аз ҳама гуна айбу нуқсон, инчунин аз айби шарик доштан пок ва баландқадр аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)