Тафсири Сураи Нахл – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл дар Макка нозил шуда, дорои 128 оят аст.
Барои он ин сура сураи «Наҳл» номида шуда аст, ки дар он достони наҳл (занбӯри асал) эзоҳ меёбад. Ин сураро сураи «Ниъам» низ номидаанд. Зеро Худованд дар ин сура барои бандагони Худ чандин неъматҳояшро баршумурдааст.
Меҳвари асосии ин сура, чун сураҳои дар Макка нозилшуда, атрофи масъалаҳои тавҳид (яктопарастӣ) маъод, (бозгашт ба қиёмат), нубувват, баёни далелҳои ягонагии Парвардигор, соҳиб қудрату бо азамат будани Парвардигор ва дафъи шубҳаҳои мункирон давр мезанад.
Сураи мазкур бо услуби худ ба ашёе, ки дар атрофи инсонҳоанд ва бар қудратмандию ваҳдонияти Парвардигор далолат мекунанд чун осмон, Замин, баҳр, кӯҳҳо, наботот, ҷимодот ва ғайра эътибори ҷиддӣ медиҳад. Дар қисми аввали ин сура дар бораи кофирон, ки ваҳйи илоҳиро рад ва масхара мекарданду дар баробари он омадани қиёматро низ инкор мекарданд, сухан меравад. Ин буд назаре мухтасар ба мундариҷаи ин сура.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «