Тафсири Сураи Нахл Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 2
يُنَزِّلُ الْمَلَائِكَةَ بِالرُّوحِ مِنْ أَمْرِهِ عَلَىٰ مَنْ يَشَاءُ مِنْ عِبَادِهِ أَنْ أَنْذِرُوا أَنَّهُ لَا إِلَٰهَ إِلَّا أَنَا فَاتَّقُونِ ٢
Юназзилу-л-малаиката би-р-Руҳи мин амриҳӣ ъала ма-я яшау мин ъибадиҳӣ ан анзиру аннаҳу ла илаҳа илла ана фаттақун. 2.
2. Фариштагонро бо ваҳй, бо иродаи Худ бар ҳар касе, ки аз бандагони Худ хоҳад, фуруд меорад, ки битарсонед, (ба ин маъно) ки: «Нест ҳеҷ маъбуде (барҳақ), магар Ман, пас, аз Ман битарсед!».
Тавҳид (Худоро яккка ва ягона донистан) меҳвари даъвати ҳамаи Пайғамбарон аст. Худованд, то ҳуҷҷатҳои одилонаи худро бо воситаи пайғамбарони худ нарасонад онҳоро муҷозот накардааст. Пайғамбар кист? Пайғамбар шахсест, ки агар Худованд ӯро лоиқ донад, аз байни мардуми бисёр ихтиёр мекунад ва бо фармони Худ фариштагонро ҳамроҳи ваҳйи Худ ба назди ӯ мефиристад. Фариштагон бо ваҳйи овардаашон ба ӯ мегӯянд, ки Худованд чунин дастуреро ба ту дод ва бояд иҷро шавад. Ҳамчунин ба воситаи ваҳйи ба ӯ мегӯянд, ки мардумро огоҳ кун, ки Худованд мегӯяд, ки ба ғайр аз Аллоҳ дигар Худои барҳаққе, ки сазовори парастиш ва ибодат бошад, нест. Инчунин ба пайғамбар дастур медиҳанд, ки мардумро аз мушрикӣ ва бутпарастӣ битарсон ва ба онҳо бигӯй, ки ҷуз Худованди якто дигар маъбуде нест. Ба мардум ҳушдор бидеҳ, ки аз Ман битарсанд ва дар баробари Ман эҳсоси масъулият кунанд.
Дар ояти мазкур ваҳй бо калимаи «рӯҳ» ифода шуда аст. Маълум, ки инсон бо рӯҳ (ҷон) зинда аст. Ваҳй – таълимоти Илоҳист. Пас, бинобар ишораи ояти мазкур, мардуме, ки зиндагии худро дар асоси ваҳй, яъне оятҳои Қуръон ва ҳукмҳои Қуръон ташкил намекунанд, ҳарчанд зоҳиран зинда бошанд ҳам, маънавиёташон, ақидаашон мисли мурда аст. Одатан чунин инсонҳо сабаби омадани ҳаргуна балоҳо бар сари мардум шаванд.
Барои шиносоии бештар ба ояти 15-уми сураи «Ғофир» ва ба ояти 24-уми сураи «Анфол» ва ояти 52-юми сураи «Шӯро» муроҷиат шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «