Тафсири Сураи Нахл Ояти 100 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 100
إِنَّمَا سُلْطَانُهُ عَلَى الَّذِينَ يَتَوَلَّوْنَهُ وَالَّذِينَ هُمْ بِهِ مُشْرِكُونَ ١٠٠
Иннама султануҳу ъала-л-лазӣна ятаваллавнаҳу ва-л-лазӣна ҳум биҳӣ мушрикун. 100.
100. Ҷуз ин нест, ки ғалабаи ӯ (шайтон) бар касонест, ки ӯро дӯсти худ мегиранд ва бар касоне ки ба Худованд чизеро шарик муқаррар мекунанд.
Шайтон ҳукми худро бо иғво ва фиреб танҳо болои касоне гузаронида метавонад, ки онҳо шайтонро дӯсту роҳбар ва сарпарасти худ қарор дода, итоъати ӯро чун «тоъати Худо қарор додаанд ва дар ивази фармони Худованд иҷрои фармони шайтонро воҷиб донистанд ва бо сабаби васвасаҳои ӯ чизеро бо Худо ҳамто ҳисобидаанд. Ана чунин шахсон касоне ҳастанд, ки одатан дар шаъни Қуръону оятҳои он суханҳои нодуруст мебофанд ва дар каломи Аллоҳ будани Қуръон шубҳаҳо доранд. Ҳоло ояти зер касонеро, ки бо шубҳа ва гумон мегӯянд, ки Қуръон маншаи башарӣ дорад, рад намуда чунин гуфтааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «