Тафсири Сураи Нахл Ояти 101 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 101
وَإِذَا بَدَّلْنَا آيَةً مَكَانَ آيَةٍ ۙ وَاللَّهُ أَعْلَمُ بِمَا يُنَزِّلُ قَالُوا إِنَّمَا أَنْتَ مُفْتَرٍ ۚ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ ١٠١
Ва иза баддална айата-м макана аяти-в валлоҳу аъламу би ма юназзилу қолу иннама анта муфтар. Бал аксаруҳум ла яъламун. 101.
101. Ва чун оятеро ба ҷои ояте бадал кунем ва Худо ба он чӣ фуруд меорад, донандатар аст, гӯянд: «Ҷуз ин нест, ки ту дурӯғоваранда ҳастӣ». Балки аксари онҳо намедонанд.
Бо ривояти Ибни Аббос (р) ҳангоме, ки оятҳои Қуръон нозил мешуданд, ҳукми баъзе оятҳо хеле сахту тоқатфарсо ба назар мерасид. Аммо Худованди меҳрубон ивази онҳо оятҳоеро нозил мекард, ки дастури онҳо хеле саҳлу осон буд. Мушрикон фурсатро ғанимат шуморида, таъна мекарданду мегуфтанд: «Ин масхарабозист, худро пайғамбар меҳисобаду имрӯз як дастур медиҳад, фардо мебинӣ, ки дастури дигаре содир мекунад. Ин нишони он аст, ки Муҳаммад дурӯғоваранда аст, ин гуфтаи фақат худи ӯст, на аз Парвардигор». Дар он ҳангом барои посухи онҳо ояти мазкур нозил шуда ба онҳо гуфт, ки чун оятеро бо ояти дигар иваз мекунем, он ҳикмате дорад, ки барои фоидаи шумост, лекин шумо инро намедонед. Худованд чӣ гуна нозил шудани оятҳо ва мансух (аз ҳукм боздошта) шудани онҳоро Худаш медонад. Локин аксари мушрикон ин ҳақиқатро намефаҳманд. Онҳо дарк намекунанд, ки насх-иваз шудани ҳукми ояте ба ҳукми ояти дигар барои чист. Пас мегӯянд «Муҳаммад ба Худо дурӯғҳоро мебандад». Ҳол он ки ояте мансух шавад, ба ҷои он ояти дигаре нозил мешавад. Барои маълумоти бештар дар бораи насхи оятҳо ба оёти 36 ва 106-уми сураи «Бақара» муроҷиат шавад.
Ояти зер ҷавоби дигарест барои мушрикон.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «