Сураи Наҳл Ояти 102 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 102 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 102

قُلْ نَزَّلَهُ رُوحُ الْقُدُسِ مِنْ رَبِّكَ بِالْحَقِّ لِيُثَبِّتَ الَّذِينَ آمَنُوا وَهُدًى وَبُشْرَىٰ لِلْمُسْلِمِينَ ١٠٢

Қул наззалаҳу руҳу-л қудуси ми-р-Раббика би-л-ҳаққи ли юсаббита-л лазӣна оману ва ҳуда-в ва бушро лил муслимӣн. 102.

102. Бигӯ: «Фуруд овардааст онро Руҳу-л-қудс (Ҷабраил) ба ростӣ аз ҷониби Парвардигори ту, то Худо муъминонро собиту мустақим созад ва барои мусалмонон роҳ намудан ва мужда додан бошад.

Ояти мазкур маънои ояти қаблиро пай гирифта, дар он барои таъкиди бештар Худованд ба Пайғамбари Худ (с) дастур додааст, ки ай Пайғамбари Мо ба он мушрикон бигӯ, ки он (Қуръон)-ро аз назди Худованд фариштае ба номи Руҳулқудус (Ҷабраили амин), ки аз тамоми палидиҳои башарӣ пок аст, барои ту ва барои салоҳи халқ фуруд овардааст. Дар Қуръон ҳеҷ хатое нест. Он ҳаққ аст. Дар он ҳикматҳо мавҷуданд. Ҳадаф аз нозил кардани Қуръон устувор кардани муъминон дар имон аст. Он барои оммаи мусалмонон, хоса барои шахсоне, ки ба ҳукмҳои носиху (боздоранда) мансух (боздошташуда) имон доранд, ҳидоят ва барои касоне, ки бо Қуръон амал мекунанду подоши бузургро соҳиб мешаванд, башорат аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 101 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 103 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)