Тафсири Сураи Нахл Ояти 103 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 103
وَلَقَدْ نَعْلَمُ أَنَّهُمْ يَقُولُونَ إِنَّمَا يُعَلِّمُهُ بَشَرٌ ۗ لِسَانُ الَّذِي يُلْحِدُونَ إِلَيْهِ أَعْجَمِيٌّ وَهَٰذَا لِسَانٌ عَرَبِيٌّ مُبِينٌ ١٠٣
Ва лақад наъламу аннаҳум яқулуна иннама юъаллимуҳу башар. Лисану-л-лазӣ юлҳидуна илайҳи аъҷамийю-в ва ҳаза лисанун ъарабийю-м мубӣн. 103.
103. Ва ҳаройина, Мо медонем, ки кофирон мегӯянд: «Ҷуз ин нест, ки меомӯзонад ин Пайғамбарро одамӣ». Ва ҳол он ки (на чунин аст) забони касеро, ки ба сӯйи ӯ нисбат мекунанд, аҷамист ва ин Қуръон ба забони арабии равшан аст.
Сабаби нузули ояти мазкурро Ибни Касир (р) дар китоби худ чунин дарҷ кардааст: «Ғуломе буд, мансуб ба қабилаи Ҳазрам, ки Ҷабр ном дошт. Дар оғоз ақидаи насронӣ дошт. Баъдан ба Ислом мушараф шуд. Ӯ дар кӯҳи Сафо ва бо ривояте дар пойини кӯҳи Марва, дар баландии «Субайда» машғули фурушандагӣ буд. Чун Расулуллоҳ (с) аз назди ӯ мегузашт, гоҳ-гоҳе назди ӯ менишаст, каме бо ҳам сӯҳбат мекарданд. Локин забони ӯ арабӣ набуд, балки аҷамӣ (румӣ) буд, чандон арабиро хуб намедонист. Якчанд калимаи арабиро, барои хариду фурӯш медонисту халос. Чун мушрикон ин ҳолатро диданд, фурсатро ғанимат дониста гуфтанд: «Муҳаммад ин суханҳоро аз ӯ омӯхтааст». Ҳамоно Худованд ояти мазкурро нозил кард. Дар ин оят Худованд бӯҳтону дурӯғҳоеро, ки мушрикон дар шаъни Расулулоҳ (с) мегуфтанд, рад намуда ба Расули Худ (с) гуфт, ки дар ҳақиқат Мо медонем, ки чун ту Қуръонро барои онҳо тиловат мекунӣ, онҳо мегӯянд, ки башар (инсон)-е ба ӯ омӯзиш медиҳад. Ӯ Қуръонро аз инсон омӯхтааст, на аз фаришта. Ин гуфтаи онҳо ба дараҷаи ҳайратовар беасос аст, зеро таълими Қуръонро ба сӯйи шахсе нисбат доданд, ки ӯ аҷамӣ буд, лоақал арабиро дуруст намедонист. Худи онҳо, ки соҳибонизабони арабианд, аз овардани ҳатто ояте мисли оятҳои Қуръон оҷиз омада буданд. Пас, чӣ гуна Қуръоне, ки ба забони арабист, шеваи ошкору равшан дорад ва оҷизкунандаи тамоми инсу ҷин аст, аз як ғуломи аҷамӣ омӯхта мешудааст? Пас, чӣ гуна як ғуломи аҷамӣ бо арабӣ сухане мегуфтааст, ки дар баробари ӯ соҳибони забон оҷиз мешудаанд? Оё шахси аз хирад баҳрадошта, даст ба чунин иттиҳом мезанад? Ҳаргиз!
Хулоса, Душманони Ислом барои дар ғафлат нигоҳ доштани оммаи мардум ба хусус шахсони сода ин гуна нақшаҳоро меофариданд. Ҳол он ки саргузашти зиндагонии Пайғамбар (с) ҳаргиз нишон намедиҳад, ки ӯ (с) бо чунин шахсон алоқаи доимӣ дошта бошад. Локин душманони ӯ (с) чун одами ғарқшуда даст ба ҳар хору хас мезаданд. Ҳозир ҳам чунин аст. Локин Худованд ҳимояи Қуръонро ба уҳдаи Худ гирифитааст, ҳеҷ коре карда наметавонанд.
Худованд дар шаъни кофирон чунин гуфтааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «