Тафсири Сураи Нахл Ояти 104 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 104
إِنَّ الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِآيَاتِ اللَّهِ لَا يَهْدِيهِمُ اللَّهُ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ ١٠٤
Инна-л-лазӣна ла юъминуна би айатиллаҳи ла яҳдӣҳимуллоҳу ва лаҳум ъазабун алӣм. 104.
104. Ҳаройина, ононеро, ки ба оятҳои Аллоҳ имон намеоранд, Аллоҳ онҳоро роҳ нанамояд ва онҳоро азоби дарднок бошад.
Ояти мазкур ба шахсоне, ки сифаташон дар ояти қаблӣ гузашт, бо таҳдиди бештар гуфааст, ки Худованд касонеро, ки ба оятҳои Худованд имон надоранд, Қуръонро тасдиқ намекунанд, на ин ки ба роҳи рост, роҳи Биҳишт ва саодати ҷовидон ҳидоят намекунад, балки барои чунин шахсон азоби аламнок омода кардааст. Зеро онҳо бо сабаби таасуб ва душман шудан бо Қуръону Расули Худо (с) шоистагии ҳидоятро аз даст додаанд. Дигар ин, ки яке аз сарчашмаи бузургтарини гуноҳҳон дурӯғ гуфтан аст, онҳо дар шаъни Расулулоҳ (с) дурӯғ гуфтанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «