Тафсири Сураи Нахл Ояти 105 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 105
إِنَّمَا يَفْتَرِي الْكَذِبَ الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِآيَاتِ اللَّهِ ۖ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْكَاذِبُونَ ١٠٥
Иннама яфтари-л-казиба-л-лазӣна ла юъминуна би айатиллаҳи ва улаика ҳуму-л казибун. 105.
105. Ҷуз ин нест, ки дурӯғро касоне бармебанданд, ки ба оятҳои Худо имон надоранд ва онҳо низ дурӯғгӯянд.
Ояти мазкур яке аз оятҳои таҳдидкунанда буда, аз сабаби нописанд будани сухани дурӯғ, то дараҷае дурӯғгӯёнро баҳои бад додааст, ки ҳатто онҳоро то сарҳади касоне, ки оятҳои Худовандро инкор кардаанд, кашондааст. Агарчи таҳдиди ояти мазкур барои касоне нигаронида шудааст, ки бар Худо, Расули Ӯ (с) ва Қуръон дурӯғҳо бофтаанд, вале касонеро, ки дорои чунин сифати баданд, онҳоро низ дар бар гирифтааст.
Хулоса, ояти мазкур касонеро, ки дар шаъни мардони роҳи Худо дурӯғ мегӯянд, туҳмат мекунанд, пешрафти онҳоро намехоҳанд, баҳои асоси дода гуфтааст, ки ин гуна шахсон ба ғайр аз дурӯғгӯйи воқеъӣ каси дигар нестанд. Агар ба оятҳои Худованд, ки аз ин гуна корҳо онҳоро манъ кардааст, имон медоштанд, ҳаргиз даст ба чунин суханҳо намезаданд. Чӣ дурӯғе аз ин бузургтар аст, ки инсон дар шаъни Пайғамбар (с), ё дар шаъни мардони роҳи Худо дурӯғҳо гӯяд, ё буҳтонҳо кунад ва ба ин сабаб садди роҳи шахсоне шавад, ки мехоҳанд роҳи ҳидоятро ёбанд. Пас, шахсе, ки Пайғамбари Худост (с), дар имон овардан ба оятҳои Худованд дар дараҷаи аввали муъминон қарор дорад, чӣ гуна дурӯғ мегуфтааст? Ояти зер он шубҳаеро, ки мушрикон нисбат ба оятҳои носиху мансух доштанд, (ё мекарданд) рад мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «