Сураи Наҳл Ояти 109 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 109 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 109

لَا جَرَمَ أَنَّهُمْ فِي الْآخِرَةِ هُمُ الْخَاسِرُونَ ١٠٩

Ла ҷарама аннаҳум фи-л-ахирати ҳуму-л-хосирун. 109.

109. Шак нест дар он, ки онҳо дар охират аз (ҷумлаи) зиёнбинандагонанд.

Ояти мазкур натиҷаи кори шахсони аз дингаштаро чунин баён кардааст, ки шахсони муртадшуда (аз дингашта) бе ягон шакку шубҳа аз ҷумлаи зиёндидагон буда, чунон ба азоби абадии Ҷаҳаннам гирифтор мешаванд, ки дигар азобе бузургтар аз он нест. Чӣ зиёне аз ин зиёдтару бадтар бошад, ки ҳама имкониятҳои заруриро барои ҳидоят ва саодати ҷовидонро пайдо кардан инсон дар даст дошта бошаду аммо бар асари пайравии ҳавасҳо ва васвасаҳои шайтон, ин сармояҳои гаронқадрро ройгон аз даст диҳад?

Хулоса, оятҳои қаблӣ ҳоли ду гурӯҳеро, ки таҳти фишори душман қарор доштанд, яке калима, ё амали куфромезро дар ҳоле, ки қалбаш мутмаину пур аз имон буд, гуфт ё кард ва гурӯҳи дувум билкул аз дин гашту муртад шуд, баён карданд. Ҳоло ояти зер ба ҳоли гурӯҳи севум ишора карда, чунин гуфтааст:


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 108 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 110 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)