Тафсири Сураи Нахл Ояти 110 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 110
ثُمَّ إِنَّ رَبَّكَ لِلَّذِينَ هَاجَرُوا مِنْ بَعْدِ مَا فُتِنُوا ثُمَّ جَاهَدُوا وَصَبَرُوا إِنَّ رَبَّكَ مِنْ بَعْدِهَا لَغَفُورٌ رَحِيمٌ ١١٠
Сумма инна Раббака лил лазӣна ҳоҷару мин баъди ма футину сумма ҷаҳаду ва сабару инна Раббака мин баъдиҳа ла Ғафуру-р-Раҳӣм. 110.
110. Боз, албатта, Парвардигори ту барои касоне ки ҳиҷрат карданд, баъд аз он ки мавриди шиканҷа ва фитна қарор гирифта буданд, сипас набард карданд ва сабр намуданд, ҳаройина, Парвардигори ту баъд аз ин ҳама омурзгору меҳрубон аст.
Дар садри Ислом, чуноне ки аз оятҳои қаблӣ фаҳмида шуд, мусалмоншудагон аз рӯйи заъфу беқувватӣ таҳти фишору шиканҷаи мушрикон қарор доштанд. Баъзе аз онҳо ҳатто ба шаҳодат ҳам мерасид, баъзе аз онҳо зоҳирану ботинан, чуноне ки гузашт, муртад мешуд, ки дигар асло муҳаббати Ислом дар дилашон вуҷуд надошт. Аммо баъзе аз онҳо зоҳиран, то ин ки фишор аз сараш сабук шавад, калимаи куфрро дар забон ҷорӣ месохт, локин муҳаббати Исломро аз дили худ дур намесохт ва мехост, ки Ислом пирӯз шаваду мусалмон будани худро ошкор созад. Ҳоло ояти мазкур ба ҳоли онҳо ишора карда гуфтааст, ки касоне, ки фиреби душманро хӯрда, аз дин бозгаштанд, чун шароит муҳайё шуд, барои ризоии Аллоҳ хонаву молу ҳоли худро тарк карда, ба назди Расулуллоҳ (с) ҳиҷрат карданд. Мусалмон будани худро ошкор сохтанд, тавба карданд, ростии тавбаи худро ҳамроҳи Расулуллоҳ (с) бо сабру ҷиҳод собит сохтанд, туфайли фидокориҳояшон сазовори мағфирату раҳмати Парвардигор низ қарор гирифтанд. Зеро Худованд ғафуру раҳим аст.
Хулоса, ояти мазкур барои қабули тавбаи шахсе, ки муртад (аз дин гашта) шудааст, ҳуҷҷат аст, агар муртад аз бозгашти худ ба куфр пушаймон шуда сидқан тавба кунад, ваъдаи Худованд аст, ки тавбаи ӯро мепазирад.
Муртад кист? Муртад шахсест, ки дар аввал мушрик ё кофири мутлақ зист, дини Исломро қабул кард, чанд миқдоре мусалмон буд, баъдан дини Исломро тарк карда, ба дигар дин гузашт ё даҳрӣ шуд. Ё дар оилаи мусалмон ба дунё омад, дини падару модари худро қабул кард, баъдан аз дини волидайни худ ба дигар дин гузашт. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «