Сураи Наҳл Ояти 111 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 111 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 111

۞ يَوْمَ تَأْتِي كُلُّ نَفْسٍ تُجَادِلُ عَنْ نَفْسِهَا وَتُوَفَّىٰ كُلُّ نَفْسٍ مَا عَمِلَتْ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ ١١١

۞ Явма таътӣ куллу нафсин туҷадилу ъан-н нафсиҳа ва туваффа куллу нафсим-м ма ъамилат ва ҳум ла юзламун. 111.

111. Рӯзе биёяд, ки ҳар шахс аз тарафи шахсияти худ ҷидолу дифоъ кунад ва ҳар шахсро подоши он чӣ кардааст, ба тамом дода шавад ва ба онҳо ситам карда нашаванд.

Ояти мазкур ҳушдори умумӣ буда, мефармояд, ки қиёмат чунон рӯзи сахтест, ки ҳар инсон дар фикри он аст, ки чӣ гуна аз худ дифоъ кунаду худро аз азоби он рӯз наҷот диҳад. Яъне то ки худро халос созад, ҳуҷҷатҳо пеш меорад, узрҳо мегӯяд. На зану фарзанд, на бародару хоҳар, на падару модар, на ёру рафиқ, хулоса, ҳеҷ кас дар он рӯз назди вай аҳмияте надорад. Дар он рӯз бинобар ваъдае, ки шудааст, хоҳ хайр бошаду хоҳ шар, ҳар кас бе кому кост дар ивази амалҳои кардааш бе ягон зулму ситам мукофотонида мешавад. Бо ибораи дигар: Худованд дар ин оят фармудааст, ки ба ёд оред рӯзеро, ки ҳар кас (то ин, ки худро аз азобу муҷозоти дарднок раҳоӣ бахшад) дар фикру дифоъи хеш аст. Дар он рӯз барои аз чанголи азоб халос шудан, чуноне ки дар ояти 23-юми сураи «Анъом» омадааст, ҳатто гунаҳгорон аз кардаҳои худ пушаймон шуда мегӯянд: «Ба Худо Парвардигори мо савганд, ки мо мушрик набудем». Дар он ҳангом боз мебинанд, ки дурӯғи онҳо суде ба онҳо расонида наметавонад, чуноне ки дар ояти 37-уми сураи «Аъроф» омадааст, бар зидди сардорони худ мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, ин гурӯҳ моро гумроҳ карданд, пас, онҳоро аз оташ азоби дучанд бидеҳ».

Хулоса, дар он ҷо ва дар он ҳолат гуноҳгорон даступо мезананд, вале беҳуда аст. Зеро бе ягон зулму костагӣ натиҷаи амалҳои ҳар инсон ба худаш дода мешавад. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 110 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 112 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)