Сураи Наҳл Ояти 112 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 112 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 112

وَضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا قَرْيَةً كَانَتْ آمِنَةً مُطْمَئِنَّةً يَأْتِيهَا رِزْقُهَا رَغَدًا مِنْ كُلِّ مَكَانٍ فَكَفَرَتْ بِأَنْعُمِ اللَّهِ فَأَذَاقَهَا اللَّهُ لِبَاسَ الْجُوعِ وَالْخَوْفِ بِمَا كَانُوا يَصْنَعُونَ ١١٢

Ва Зарабаллоҳу масалан қарятан канат омината-м мутмаинната-я яътӣҳа ризқуҳа рағада-м мин кулли маканин фа кафарат би анъумиллаҳи фа азақаҳаллоҳу либаса-л-ҷуъи ва-л-хавфи би ма кану яснаъун. 112.

112. Баён кард Аллоҳ масали деҳаеро, ки эмину оромида буд, рӯзии он ба кушодагӣ аз ҳар ҷой меомад, пас, ба неъматҳои Аллоҳ носипосӣ кард. Пас, Аллоҳ онҳоро ба сабаби он чӣ мекарданд, либоси гуруснагӣ ва тарсро пӯшонид.

Ояти мазкур барои касоне, ки неъматҳои Парвардигорро носипосӣ мекунанд, хоҳ қурайшиҳо бошанд, ё сокинони деҳаи дигар, бо мисоле чунин баён кардааст, ки деҳае буд, сокинони он дар ниҳоят амну амонӣ мезистанд, ҳеҷ вақт маҷбур ба кӯч бастан набуданд. Илова бар ин, ризқу рӯзии мавриди ниёзашон аз ҳар макон ба таври фаровон ба онҳо меомад. Вақто ки онҳо шукри амонӣ ва неъматҳои Худовандро накарданд, дар натиҷа Худованд «либоси» гуруснагӣ ва тарсу ваҳмро, дар ивази амалҳои бадашон ба онҳо пӯшонид.

Хулоса, ин мисолест, ки Худои азза ва ҷалла барои мардуми шаҳри Макка задаст, то онҳо бедор шаванд ва ба худ оянду гумроҳии худро давом надиҳанд. Агар мурод аз «қаря» деҳа дар ин ҷо худи шаҳри Макка бошад, онро Худованд барои дигар шаҳрҳои ситамгару золим зарбулмасал задааст. Ин дар замоне буд, ки Расулуллоҳ (с) дар ҳаққи мардуми Макка, ки бар мусулмонон ниҳоят ҷабру зулм карданд, дуъои бад карда чунин гуфтанд: «Бор Илоҳо! Фишорро бар қабилаи Музар сахт кун ва он фишорро бар онон қаҳтие чун қаҳтии замони Юсуф (а) бигардон». Дуъои Расулуллоҳ (с) дар ҳаққи онҳо мустаҷоб шуд, ба қаҳтии ҳафтсола гирифтор шуданд. Дар ин ҳафт сол ба ҷое расиданд, ки ҳатто устухонҳои пӯсидаро низ хӯрданд. Сабаби дигари ба ин қаҳтӣ ва тарсу ваҳм гирифтор шуданашонро ояти зер баён мекунад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 111 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 113 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)