Тафсири Сураи Нахл Ояти 114 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 114
فَكُلُوا مِمَّا رَزَقَكُمُ اللَّهُ حَلَالًا طَيِّبًا وَاشْكُرُوا نِعْمَتَ اللَّهِ إِنْ كُنْتُمْ إِيَّاهُ تَعْبُدُونَ ١١٤
Фа кулу мим ма разақакумуллоҳу ҳалалан таййиба-в вашкуру ниъматаллоҳи ин кунтум иййаҳу таъбудун. 114.
114. Пас, аз он чӣ Худо шуморо рӯзии ҳалолу покиза додааст, бихӯред. Ва агар шумо Худоро мепарастед, бар неъмати Ӯ шукр кунед.
Худованд дар ин оят ба бандагони Худ дастур додааст, ки агар шумо танҳо Худои ягонаро мепарастида бошед, тақозои яктопарасти он аст, ки дар роҳи истеъмоли неъматҳо чун шахсони ғофилу золиму кофир набошед. Аз ризқу рузии ҳалолу покизаи Худованд ба шумо дода тановул кунед ва шукронаи Ӯро ба ҷо биёреду сипосгузор бошед. Оре! Тақозои яктопарастӣ он аст, ки бандаи мусалмон бояд бо ибодат бошад, аз чизҳои ҳалол ҳукмкардаи Аллоҳ таъоло истеъмол кунад ва аз ҳаромкардаҳои Ӯ таъоло парҳез кунад ва дар баробари неъматҳо шукргузор бошад.
Ояти зер баъзе аз ҳаромкардаҳои илоҳиро баён кардааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «