Тафсири Сураи Нахл Ояти 115 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 115
إِنَّمَا حَرَّمَ عَلَيْكُمُ الْمَيْتَةَ وَالدَّمَ وَلَحْمَ الْخِنْزِيرِ وَمَا أُهِلَّ لِغَيْرِ اللَّهِ بِهِ ۖ فَمَنِ اضْطُرَّ غَيْرَ بَاغٍ وَلَا عَادٍ فَإِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ ١١٥
Иннама ҳаррама ъалайкуму-л-майтата ва-д-дама ва лаҳма-л хинзӣри ва ма уҳилла ли ғайриллаҳи биҳ. Фа маниЗтурра ғайра бағи-в ва ла ъадин фа инналлоҳа Ғафуру-р-Раҳӣм. 115.
115. Ҷуз ин нест, ки Худо бар шумо мурдорро ва хунро ва гӯшти хукро ва он чи бар забҳи он номи ғайри Худо зикр карда шуд, ҳаром сохтааст. Пас, касе музтар шуд, на ситамкарда ва на аз ҳад гузашта бошад, пас (луқмае чанд бихӯрад) Худо омурзгору меҳрубон аст.
Дар оятҳои гузашта сухан аз неъматҳои покиза ва шукри онҳо ба миён омада буд. Ҳоло дар ин оят сухан аз ҳайвонҳои ҳаромкардаи илоҳӣ ба миён омадааст, ки Худованд чаҳор чизе, ки марбут ба ҳайвонот аст, барои шумо ҳаром гардонидааст. Аз он ҷумла, мурдор (худмурда), хун, гӯшти хук ва он ҳайвоне, ки ба ғайри номи Аллоҳ сар бурида шудааст. Масъалаи ҳаром будани гӯшти мурдор, хун, гӯшти хук муфассалан дар ояти 173-юми сураи «Бақара» ва ояти 149-ум сураи «Анъом» гузашт.
Ба таври истисно Худованд дар давоми оят фармудааст, ки магар барои шахсоне, ки ноилоҷ ва ногузир мондаанд, аммо ба ғайр аз ин ҳаромҳо чизи дигаре нест ва ба хӯрдани яке аз ин ҳаромкардаҳо муҳтоҷ шаванд, онгоҳ барои ҳифзи ҷони худ каме хӯранд иҷозат ҳаст, ба шарте ки онҳоро ҳаром ҳисобида, бо нафрат истеъмол кунанд. Дар чунин ҳолат барои онҳо гуноҳе нест, зеро Худо омурзгору меҳрубон аст. Дигар паҳлуҳои эзоҳи ояти мазкур ба сураи «Бақара», ояти 173-юм ва сураи «Анъом» ояти 145-ум ҳавола мешавад. Ҳоло ояти зер ҳушдор медиҳад, ки Худованд Худаш медонад, ки барои инсон чиро ҳалол ва чиро ҳаром ҳукм кардааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «