Тафсири Сураи Нахл Ояти 113 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 113
وَلَقَدْ جَاءَهُمْ رَسُولٌ مِنْهُمْ فَكَذَّبُوهُ فَأَخَذَهُمُ الْعَذَابُ وَهُمْ ظَالِمُونَ ١١٣
Ва лақад ҷааҳум расулу-м минҳум фа каззабуҳу фа ахазаҳуму-л-ъазабу ва ҳум залимун. 113.
113. Ва ҳаройина, пайғамбаре аз ҷинси худашон ба сӯйи онон омад, пас, ӯро такзиб карданд, пас, онҳоро азоб гирифт ва онҳо ситамгор буданд.
Чи тавре, ки баён шуд, аҳли он деҳа (Макка) дар аввал на аз хориҷ андешаи хавфи душман доштанд ва на аз дохил. Барои онҳо ғалла, мева ва ғайра пайиҳам аз хориҷ ворид мешуд. Илова бар ин, барои роҳбарии онҳо Худованд шахсеро аз байни худашон дар сифати пайғамбар, то ин ки таълимоти осмониро ба онҳо омӯзонад, фиристод. Пайғамбари Аллоҳ (Муҳаммад (с) онҳоро ба дину оини Ҳаққ даъват кард, ҳуҷҷатҳои илоҳиро бо таври бояду шояд ба онҳо расонд. Вале мардуми он деҳа бар нафсҳои худ зулм карда, ин неъматҳои моддӣ ва маънавии илоҳиро нашинохтанд. Ба ҷои ба ӯ (с) имон овардану фахр кардан зидди ӯ (с) камари мухолифатро маҳкам бастанд. Паёмеро, ки аз назди Аллоҳ ба ӯ (с) меомад, дурӯғ ҳисобиданд. Дар натиҷа мусалмонон ба Мадина ҳиҷрат карда, алайҳи онҳо барои фатҳи Макка омода шуданд. Онҳоро аз ҳар тараф, чуноне ки дар ояти қаблӣ низ гузашт, азоби илоҳӣ тарсу ваҳм фаро гирифт, дигар натавонистанд чораи онро андеша кунанд. Ояти зер ишора бар он дорад, ки неъматҳоеро, ки Худованд додааст, бояд мувофиқи ризои Аллоҳ истифода кард.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «