Тафсири Сураи Нахл Ояти 116 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 116
وَلَا تَقُولُوا لِمَا تَصِفُ أَلْسِنَتُكُمُ الْكَذِبَ هَٰذَا حَلَالٌ وَهَٰذَا حَرَامٌ لِتَفْتَرُوا عَلَى اللَّهِ الْكَذِبَ ۚ إِنَّ الَّذِينَ يَفْتَرُونَ عَلَى اللَّهِ الْكَذِبَ لَا يُفْلِحُونَ ١١٦
Ва ла тақулу ли ма тасифу алсинатукуму-л-казиба ҳаза ҳалалу-в ва ҳаза ҳарому-л ли тафтару ъалаллоҳи-л-казиб. Инна-л лазӣна яфтаруна ъалаллоҳи-л-казиба ла юфлиҳун. 116.
116. Ва чизеро, ки забони шумо ба дурӯғ ҳукми онро баён мекунад, магӯед, ки ин ҳалол аст ва ин ҳаром аст, то (мабодо) бар Худо дурӯғро бандед. Ҳаройина, ононе, ки бар Худо дурӯғро мебанданд, растагор намешаванд.
Худованд дар сураи «Анъом» аз одату хурофоттарошии мушрикон хабар дода буд. Ҳоло то ин ки маънои ояти мазкур осон шавад, дар аввал эзоҳи он ва баъд эзоҳи ояти таҳти назар зикр мешавад. Дар ояти 136-уми сураи «Анъом», Худованд хабар додааст, ки одати мушрикон он буд, ки баъзе аз зироъат ё чаҳорпоёнро ҳиссаи Худо ва бахшеро саҳми бутҳо қарор медоданд. Аҷоиби кор дар он буд, ки агар саҳми бутҳо хасорат медид, аз ҳиссае, ки барои Худованд назр карда буданд, онро ҷуброн мекарданд. Агар ҳисси Худованд осеб медид аз саҳми бутҳояшон бо далели он, ки Худованд муҳтоҷ нест, онро ҷуброн намекарданд.
Хулоса, онҳо хурофоту одатҳои худбофтаи бисёре доштанд. Ё агар ба ояти 148-уми сураи «Анъом» муроҷиат шавад, ба назар мерасад, ки мушрикон барои худ бо ақидае, ки Худованд бо ин хурофотҳои худбофтаашон мувофиқ аст, баъзе ашёро бо майли худ, ҳаром мегуфтанд. Ҳоло ояти мазкур ҳушдор медиҳад, ки инсон бандааст. Неъматҳоро Худованд офаридаасту дар дасти ӯ амонат супоридааст. Ӯ ҳеҷ ҳақ надорад аз назди худ чизро ҳалол, ё чизеро ҳаром ҳукм кунад. Агар бе ягон ҳуҷҷат гӯяд, ки ин чиз ҳалол ва ин чиз ҳаром аст, гӯё дар кори Худованд дахолат карда, дар шаъни Аллоҳ таъоло дурӯғ гуфтаасту туҳматҳо бофтааст. Чизеро ҳалол ва чизеро ҳаром гуфтан, бе ягон санади шаръӣ ниҳояти ҷасорат ва дурӯғи маҳз аст. Ягона Худованд ҳақ дорад, ки чизеро ҳалол ва чизеро ҳаром гӯяд, зеро Офарандаи онҳост. Дар охир Худованд гуфтааст, ки касоне, ки дар шаъни Худованд дурӯғ ва бӯҳтон мебофанд, на дар дунё ва на дар охират ҳеҷ гоҳ растагор нахоҳанд шуд ва ҳеҷ гоҳ ба матлаби худ нахоҳанд расид. Оре! Ояти мазкур касонеро, ки муфтианду фатво доданро ба уҳда гирифтаанд шадидан ҳушдор медиҳад. Аз ҳамин ҷиҳат пешвоёни дин дар фатво додан эҳтиёт мекарданд Аз он ҷумла, имом Абӯҳанифа (р) гуфтааст: «Агар адои масъулият намебуд, ҳаргиз фатво намедодам». Ояти зер давоми ояти қаблӣ буда, дар он Худованд фармудааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «