Тафсири Сураи Нахл Ояти 120 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 120
إِنَّ إِبْرَاهِيمَ كَانَ أُمَّةً قَانِتًا لِلَّهِ حَنِيفًا وَلَمْ يَكُ مِنَ الْمُشْرِكِينَ ١٢٠
Инна Иброҳӣма кана умматан қонита-л-лиллаҳи ҳанӣфа-в ва лам яку мина-л-мушрикӣн. 120.
120. Ҳаройина, Иброҳим уммати (бузургвор) барои Худо фармонбардору моил ба дини ҳақ буд ва аз мушрикон набуд.
Худованд дар ин оят тарзи диндории пешво ва қаҳрамони яктопарастон «Абу-л-анбиё», падари пайғамбарон ҳазрати Иброҳим алайҳис-саломро ёдовар шуда гуфтааст, ки яке аз сифатҳои барҷастаи Иброҳим (а) ин аст, ки худ уммат буд. Муфассирон гуфтанд, ки маънои уммат он аст, ки Иброҳим (а) муъаллими хеле нек буд ва яккаву танҳо мисли як уммат дар муқобили ҳама мушрикон ба мубориза бархост. Умуман месазад мусалмонҳо бахусус арабҳо Иброҳим (а)-ро шахси илҳом офарин ва пешвои муқтадиёни худ донанд. Сифати дигари ӯ (а) ин буд, ки сар то по бандаи итоъаткори Худованду ибодатгузор ва ҳамеша моил ба ҳақ ва дар роҳи рости Ҳақ таъоло қадамбардор буд. Ҳаргиз аз гурӯҳи мушрикон набуд. Ҳеҷ чизро бо ихтиёри худ ҳалол, ё ҳаром нагуфта буд. Пас, ин ҳаводороне, ки худро аз миллати ӯ (а) меҳисобанд, бо ӯ (а) фахр мекунанд, бо кадом далел нисбати Худованд дурӯғҳо бофта, туҳматҳо мезананд ва бо хоҳиши худ чизеро ҳаром ё чизеро ҳалол мегӯянд? Кадом сифати Иброҳим (а) дар онҳо ҳаст? Ҳеҷ сифати Иброҳим (а) дар онҳо дида намешавад. Ҳамчунин, сифатҳое, ки дар ояти зер барои Иброҳим (а) зикр мешаванд, дар онҳо низ нест.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «