Сураи Наҳл Ояти 121 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 121 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 121

شَاكِرًا لِأَنْعُمِهِ ۚ اجْتَبَاهُ وَهَدَاهُ إِلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ ١٢١

Шакира-л ли анъумиҳ. Иҷтабаҳу ва ҳадаҳу ила сироти-м мустақӣм. 121.

121. Шукркунандаи неъматҳои Худованд (буд). Ва (Худо) ӯро баргузид ва ба сӯйи роҳи рост ҳидояташ кард.

Иброҳим (а) шахсе буд, ки чи дар муносибат бо неъматҳо ва чи дар сухану дар амал шукркунанда буд. Мисли мунофиқон бо забон имон оварда, аммо дар амал куфр намеварзид. Иброҳим (а) шахси лаёқатманд буд. Худованд ӯро ба пайғамбарӣ баргузид. Зеро ӯ (а) сазовори ин вазифа буд. Худованд ӯ (а)-ро ба роҳи рост ҳидоят намуд ва аз ҳаргуна лағжишҳо ҳифз кард.

Ояти зер маънои ояти қаблиро пурра месозад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 120 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 122 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)