Сураи Наҳл Ояти 119 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 119 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 119

ثُمَّ إِنَّ رَبَّكَ لِلَّذِينَ عَمِلُوا السُّوءَ بِجَهَالَةٍ ثُمَّ تَابُوا مِنْ بَعْدِ ذَٰلِكَ وَأَصْلَحُوا إِنَّ رَبَّكَ مِنْ بَعْدِهَا لَغَفُورٌ رَحِيمٌ ١١٩

Сумма инна Раббака лил лазӣна ъамилу-с-суа би ҷаҳалатин сумма табу мин баъди залика ва аслаҳу инна Раббака мин баъдиҳа ла Ғафуру-р-Раҳӣм. 119.

119. Боз, ҳаройина, Парвардигори ту ононеро, ки ба нодонӣ кори бад карданд, баъд аз он тавба карданд ва шоистакор шуданд, албатта, баъд аз ин тавба Парвардигори ту омӯрзгору меҳрубон аст.

Худованд дар ин оят тавбаи кадом кас қабул мегардад ва мағфирати Ӯ таъоло насиби кадом шахс мешавад баён намудааст, ки ваъдаи қабули тавба барои касест, ки аз рӯйи хато ва нодонӣ гуноҳ (кори бад) карда бошад. Дигар ин, ки баъди содир кардани гуноҳ, пушаймон шуда ба зудӣ аз таҳти дил тавба кунаду худро ислоҳ созад ва баъди тавба даст ба иҷрои амалҳои солеҳ занад. Зеро иҷрои амали солеҳ нишонаи тавбаи ҳақиқист.

Хулоса, касоне, ки чунин шартҳоро ба ҷо меоранд ва баъдан дар ақида ва рафтор қонунҳои шариати Исломро пурра риоя мекунанд, сазовори мағфирати Аллоҳтаъоло мегарданд. Гуноҳҳои чунин шахсон чуноне ки дар ояти 17-уми сураи «Нисо» омадааст, бахшида шуда дар охират раҳмати Парвардигор шомили ҳоли онҳо мешавад ва ба подоши хуб мукофотонида мешаванд.

Бозо, бозо, ҳар он чӣ ҳастӣ бозо!

Гар кофару габру бутпарастӣ бозо!

Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест,

Сад бор агар тавба шикастӣ, бозо!

(Румӣ)


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 118 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 120 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)