Тафсири Сураи Нахл Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 17
أَفَمَنْ يَخْلُقُ كَمَنْ لَا يَخْلُقُ ۗ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ ١٧
А-фама-я яхлуқу ка ма-л ла яхлуқ. А-фала тазаккарун. 17.
17. Оё Он, ки меофарад, монанди касест, ки намеофарад?! Пас, чаро шумо пандпазир намешавед?
Худованд дар ин оят бо як равиши муаассир саволеро ба сӯйи мушрикон матраҳ намуда посухи онро бо виҷдони бедори инсонҳо ҳавола карда, онҳоро ба доварӣ кашида гуфтааст, ки оё он Зоте, ки меофарад, монанди касест (яъне бутест), ки қудрати офаридани ҳеҷ чизро надорад? Он бути беҷону ба ҳеҷ чиз қодирнабударо бо Худои қодиру Баландмартаба баробар мешуморед? Оё ин ҳамоқат нест? Эй мушрикон, чаро пандпазир намешавед, то бидонед, ки ба ғайр аз зоти Офаранда ҳеҷ чиз сазовори парастиш нест!?
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «