Тафсири Сураи Нахл Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 16
وَعَلَامَاتٍ ۚ وَبِالنَّجْمِ هُمْ يَهْتَدُونَ ١٦
Ва ъаламат. Ва би-н-наҷми ҳум яҳтадун. 16.
16. Ва нишонаҳо офарид ва дар шабҳо бо ситорагон роҳ меёбанд.
Табиист, ки агар инсон бо роҳе, ки ишора ва раҳнамо надорад, сафар кунад, бо осонӣ ба манзил намерасад. Роҳ худ як неъматаст. Нишонаҳое, ки дар атрофи роҳ чун кӯҳ, ғор, замин ва ғайра, ки инсон онҳоро мебинаду рӯзона роҳи худро меёбад, низ неъматанд, ки инсон ба воситаи онҳо ба макони худ мерасад ва аз роҳ гум кардан раҳоӣ меёбад. Аммо дар сатҳи уқёнусҳо ингуна нишонаҳо нестанд, то чанд, ки инсон киштӣ меронад, атроф ҳама як навохт мегардад ва аз аломатҳо ҳеҷ хабаре нест. Худованд барои онҳо аломатҳои осмонӣ (ситораҳо)-ро офаридааст, то аз онҳо истифода кунанд ва роҳро гум накунанд. Аз ин сабаб, шабҳое, ки абр осмонро мепӯшид, то кушода шудани абр киштиҳо аз ҳаракат бозмемонданд.
Ҳоло ҳарчанд қутбнамо (компас) ва дигар воситаҳои техникии нав ихтироъшуда барои муайян кардани мавқеъ ва самти ҳаракат истифода шаванд ҳам, аҳамияти роҳнамоии ситорагон аз байн нарафтааст. Дар ҳолатҳои изтирорӣ: вайроншавии асбоб, қатъ гаштани таъмини барқ ва ғайра танҳо ситорагони Худо офарида ҳамчун роҳнамои мусофирони дар баҳру биёбон буда метавонанд.
Ба лавҳи замин бас нишонаҳо нигошт,
Аломати махсусу маълум дошт.
Бас ахтар барафрошт дар осмон,
Ки то роҳ ёбед дар ҳар замон.
(Умеди Маҷд)
Пас, аз баёни ин ҳама неъматҳои бузург Парвардигор дар ояти зер гуфтааст, ки…
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «