Сураи Наҳл Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 19

وَاللَّهُ يَعْلَمُ مَا تُسِرُّونَ وَمَا تُعْلِنُونَ ١٩

Валлоҳу яъламу ма тусирруна ва ма туълинун. 19.

19. Ва он чиро, ки пинҳон медоред ва он чиро, ки ошкоро мекунед, Аллоҳ медонад.

Дар оятҳои қаблӣ муҳимтарин сифатҳои Парвардигор, яке Офаридгори мавҷудот ва дигаре «Бахшадаи неъматҳо» буд. Ҳоло ин оят бо сифати севуми маъбуди барҳаққ, ки «илм» (дониш) аст ишора карда, гуфтааст, ки Худованд Зотест, ки ҳамаи ончиро, ки ошкор месозед ва ончиро, ки пинҳон медоред, медонад. Ояти мазкур барои мушрикон ҳушдор аст, то онҳо бидонанд, ки аз дунболи бутҳое рафтаанд, ки онҳо на саҳме дар офариниш доранд ва на кӯчактарин неъмате ба онҳо бахшида метавонанд ва на аз асрори ботинии онҳо хабардоранд, на аз амалҳои зоҳирии онҳо огоҳанд. Он Худованди ягона аст, ки зоҳиру ботини инсонеро, ки то кадом андоза дар баробари неъматҳои Парвардигор сипосгузорӣ кардааст ё накардааст, медонад ва мувофиқ ба ният ва рафтори ҳар инсон муъомила мекунад ва ҳатман онҳоро ҷазо, ё мукофот медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)