Тафсири Сураи Нахл Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 20
وَالَّذِينَ يَدْعُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ لَا يَخْلُقُونَ شَيْئًا وَهُمْ يُخْلَقُونَ ٢٠
Ва-л-лазӣна ядъуна мин дуниллаҳи ла яхлуқуна шай-а-в ва ҳум юхлақун. 20.
20. Ва ононе, ки (кофирон) ба ғайри Худо мепарастанд, чизеро намеофаранд ва худашон офарида мешаванд.
Ояти мазкур ишора ба сифати офаридагории Парвардигор намуда гуфтааст, ки бутҳо (худоёни дурӯғини) аз сангу чӯб сохтаи беҷони мушрикон асло чизеро офарида наметавонанд. Зеро онҳо холиқ (офаранда) нестанд, балки худи онҳоро мушрикон бо дастони худ сохтаанд. Онҳо худ махлуқ (офарида шуда)-анд. Ҳеҷ гоҳ чизе, ки аз моддаи офаридашудаи Аллоҳтаъоло сохта мешавад, Холиқ ё Парвардигор шуда наметавонад. Худо Зотест, ки бе ниёз аз ҳар чиз буда, сазовори ибодат аст. Чизе, ки муҳтоҷ аст, чӣ гуна сазовори идобату Парвардигор шуда метавонаду гиреҳеро аз кори мушкили мушрикон кушода метавонад? Оё ин ақидаи аблаҳона нест? Қадру қиммати буту санамҳоеро, ки мушрикони Макка мепарастиданд, ояти зер баён мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «