Сураи Наҳл Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 26

قَدْ مَكَرَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ فَأَتَى اللَّهُ بُنْيَانَهُمْ مِنَ الْقَوَاعِدِ فَخَرَّ عَلَيْهِمُ السَّقْفُ مِنْ فَوْقِهِمْ وَأَتَاهُمُ الْعَذَابُ مِنْ حَيْثُ لَا يَشْعُرُونَ ٢٦

Қад макара-л-лазӣна мин қаблиҳим фа аталлоҳу бунйанаҳум-м мина-л-қаваъиди фа харра ъалайҳиму-с-сақфу мин фавқиҳим ва атаҳуму-л ъазабу мин ҳайсу ла яшъурун. 26.

26. Ҳаройина, ононе, ки пеш аз онҳо буданд, фиребу бадандешӣ карданд. Пас, фармони Худо ба сӯйи иморати онҳо аз ҷониби бунёдҳо (пойдоварҳояшон) биёмад, пас, сақф бар болои онҳо фурӯ рехт ва аз он ҷое ки намедонистанд, ба онҳо азоб омад.

Мутакаббирони асри он Ҳазрат (с), ки ваҳйи илоҳиро афсонаҳои қарнҳои гузашта меҳисобанд, аз аввалинҳо набуданд. Балки куфрпешаҳое, ки пеш аз инҳо гузаштаанд, ба пайғамбарони Илоҳӣ ҳамеша туҳматҳо мекарданд, ваҳйи осмониро, ки барои Пайғамбарон нозил мешуд, рад мекарданд, бо макру ҳилаҳо мехостанд дини барҳаққи Ислому роҳбарони онро аз рӯйи Замин нест кунанд. Худованд бо фармони Худ пояҳои он бино (иморат)-и боҳашамат сохтаи он фиребкоронро ба ларза даровард, боми онро болои сарашон фурӯ рехт. Азобу ҳалокат аз ҷое бар сари онҳо омад, ки асло дар фикраш набуданд. Бештари муфассирон бар онанд, ки мурод аз ҳалокшудагоне, ки дар ин оят ишора шудааст, Намрут бинни Канъон ва пайравонаш мебошанд. Ӯ ба вазири худ Ҳомон гуфт: «Барои ман кохи баланде соз, то боло равам ва бо аҳли осмон биҷангам». Ривоят аст, ки дар шаҳри Бобул барои ӯ сохтани қасри баланде оғоз шуд, ки баландиаш бояд панҷ ҳазор газ бошад. Чун қаср сохта шуд, Худованд ба бод фармон дод, нохост бод болои ӯ ва қавми ӯ биноро фурӯ рехт, ҷумлагӣ ҳама ҳалок шуданд. Ин буд азоби онҳо дар дунё, аммо:


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)