Сураи Наҳл Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 27

ثُمَّ يَوْمَ الْقِيَامَةِ يُخْزِيهِمْ وَيَقُولُ أَيْنَ شُرَكَائِيَ الَّذِينَ كُنْتُمْ تُشَاقُّونَ فِيهِمْ ۚ قَالَ الَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ إِنَّ الْخِزْيَ الْيَوْمَ وَالسُّوءَ عَلَى الْكَافِرِينَ ٢٧

Сумма явма-л-қийамати юхзӣҳим ва яқулу айна шуракаия-л-лазӣна кунтум тушаққуна фӣҳим. Қола-л лазӣна уту-л-ъилма инна-л-хизя-л-явма ва-с-суа ъала-л-кафирӣн. 27.

27. Сипас, рӯзи қиёмат Аллоҳ онҳоро расво кунад ва гӯяд: «Куҷоянд он шарикони Ман, ки шумо дар шаъни онҳо (бо Пайғамбару муъминон) хилоф мекардед?» Онон, ки илм дода шуданд, гӯянд: «Ҳаройина, дар ин рӯз расвоӣ ва бадӣ махсус бар кофирон аст»,

Ҷазое, ки барои тавонгарону роҳбарони гумроҳ (чун Намруду Ҳомон, Фиръавну Бухтуннаср ва ғайра, ки бо Аллоҳу расулони Вай мубориза мебурданд) пешбинӣ шуда буд, дар дунё диданд. Аммо ин ҳама ҷазои ниҳонии онҳо набуд. Балки Худованд онҳоро рӯзи растохез мавриди савол қарор дода расвотар мекунад ва аз онҳо мепурсад, ки он чизҳое, ки бо фикри худ ба Ман шарик ҳисобидед ва ба хотири онҳо бо пайғамбарону муъминон муҷодалаву (кашмакашу) мухолифат кардеду ба душмании онҳо бархостед, ҳоло куҷоанд, то ба ёрии шумо шитобанд? Табиъист, ки он хоршудагон ба ин савол ҳеҷ посухе надоранд. Сипас бо рухсати Парвардигор касоне, ки Аллоҳ таъоло ба онҳо илми раббонӣ (Пайғамбарон, олимҳои раббонӣ) дода буд ва дар дунё мушриконро ба сӯйи ҳаққу тавҳид (яктопарастӣ) даъват мекарданду ба истеҳзои кофирон рӯ ба рӯ мешуданд, мегӯянд, ки дар рӯзи растохез шармандагӣ, расвоӣ, ҳамчунин бадбахтӣ ва азоби сахт хос барои кофирон аст.

Барои пурра фаҳмидани маънои ояти мазкур ба ояти 26-уми сураи «Шуъаро» ва ояти 192-юми сураи «Оли Имрон» муроҷиъат шавад. Сифати чунин кофирони саркашро ояти зер баён мекунад…


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)