Сураи Наҳл Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 28

الَّذِينَ تَتَوَفَّاهُمُ الْمَلَائِكَةُ ظَالِمِي أَنْفُسِهِمْ ۖ فَأَلْقَوُا السَّلَمَ مَا كُنَّا نَعْمَلُ مِنْ سُوءٍ ۚ بَلَىٰ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ ٢٨

Ал-лазӣна татаваффаҳуму-л малаикату золимӣ анфусиҳим фа алқаву-с-салама ма кунна наъмалу мин суъ. Бала инналлоҳа Ъалӣмун би ма кунтум таъмалун. 28.

28. Касоне ки фариштагон қабзи арвоҳи онҳоро мекунанд, дар ҳоле ки барои худ ситамгор буданд, пас, пайғоми гардан ниҳодан (таслим шудан)-ро даъво андохта гӯянд: «Ҳаргиз, мо ҳеҷ амали бадеро намекардем». Гуфта шавад: «Оре, ҳаройина, ба он чӣ мекардед, Худо доност».

Зимни ояти мазкур ҳолати шахсони мушрик ва кофир, яъне инсонҳое, ки ҳангоми марг бетавбаву беимон аз олам мегузаранд, баён шудааст. Касоне, ки то дами марг куфру ширкро ихтиёр карданд, бар худ зулм кардаанд. Вақто ки худро дар остонаи марг мебинанд, яъне мебинанд, ки барои қабзи (гирифтани) руҳи (ҷони) онҳо фариштагони ҷонгиранда болои сарашон ҳозир шудаанд, он кибру ғуруре, ки дар дунё доштанд, канор меравад, ҷидолеро, ки ба аҳли Ҳаққ доштанд, фурӯ мегузаранд, локин аз рӯйи одате, ки дар дунё доштанд, дар он ҳолат ҳам мехоҳанд фариштагонро фиреб диҳанд, мегӯянд, ки мо ягон кори баде дар дунё содир накардаем. Локин бефосила фариштагон ба чунин шахсон мегӯянд, ки на! Шумо дурӯғгӯед, амалҳои зишти фаровоне доред, ҳама амалҳои бади шумо назди Худо маълум аст. Ҳатто аз ниятҳои бади шумо Худованд бохабар аст! Ин ҷо ҷои инкору худро пок нишон додан нест! Барои шумо ҷои гурез ҳам нест! Мувофиқи амалҳоятон, Худованд шуморо ҷазо хоҳад дод!

Ояти 18-уми сураи «Муҷодала» маънои ояти мазкурро таъкид мекунад. Ояти зер ин муқаддимаро пай мегирад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)