Сураи Наҳл Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 3

خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ بِالْحَقِّ ۚ تَعَالَىٰ عَمَّا يُشْرِكُونَ ٣

Халақа-с-самавати ва-л-арЗа би-л ҳаққ. Таъала ъам ма юшрикун. 3.

3. Осмонҳо ва Заминро бо тадбири дуруст офарид, баландқадр аст аз он чӣ ки ба Ӯ шарик муқаррар мекунанд.

Ояти мазкур барои решакан кардани ширк ва пайдо кардани имон (бовар)-и ба Худо ба далелҳои ақлӣ муроҷиъат намуда ба офаридаҳои бузург ва ҳайратовари Худованд ишора намудааст, ки Худованд Зотест, ки осмонҳо ва Заминро бо ҳаққ, тадбири дуруст ва ба ҳадафҳои манфиатдор офарид. Мақому мартабаи Ӯ таъоло аз ин, ки чизеро ба ӯ шарик қарор дода шавад, болотар аст. Мушрикон бутҳоро шарики Худованд қарор медиҳанд. Оё бутҳо чунин қудратро доранд? Оё бутҳо худро аз зараре ҳимоя карда метавонанд? Оё як пашшаи ба сару рӯяшон нишастаро ронда метавонанд? Онҳо бо ин ҳол чӣ гуна шарики Худо шуда метавонанд? Кори мушрикон таъаҷҷубовар аст, агар аз онҳо пурсида шавад, ки осмону Заминро кӣ халқ кардааст? Дар ҷавоб мегӯянд: Аллоҳ! Аммо дар ҳолати ибодат, назди бутҳо сар хам мекунанд. Баъди баёни офариниши осмонҳо ва Замин ва асрори бепоёни онҳо дар ояти зер сухан аз офариниши худи инсон ба миён омадааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)