Тафсири Сураи Нахл Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 4
خَلَقَ الْإِنْسَانَ مِنْ نُطْفَةٍ فَإِذَا هُوَ خَصِيمٌ مُبِينٌ ٤
Халақа-л-инсана мин-н-нутфатин фа иза ҳува хасӣму-м мубӣн. 4.
4. Офарид одамиро аз нутфа (оби шаҳват), пас, ногоҳ ӯ ошкоро ситезакунанда аст.
Зоте, ки тавонист бо сифати қодирияти Худ осмону Заминро биофарад, ҳамон Зот аз як қатра об (нутфа-сперма) бо узвҳои ҳайратовар инсони мукаммалро ҳам офариду руҳро дар ӯ дамид. Ӯро дар сарои дунё ақлу фаросат, қувват, ризқу рӯзӣ дод ва барои ӯ ҳама чизро муҳайё сохт. Чун ба воя расид, соҳиби камолот гашт, асли худро фаромӯш сохт, ошкору равшан ба Худованд дар хусумат шуд.
Сабаби нузули ояти мазкурро баъзе аз муфассирон Убай ибни Халафро донистаанд, ки ӯ чанд устухони пӯсидаро назди Расулуллоҳ (с) оварду бо беҳаёгӣ гуфт: «Эй Муҳаммад, оё ба пиндори ту Худованд инҳоро баъди он ки пӯсидаанд, аз нав зинда мегардонад?!»
Барои фаҳми бештар ба оятҳои 77-78-79-уми сураи «Ё Син» муроҷиъат шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «