Тафсири Сураи Нахл Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 37
إِنْ تَحْرِصْ عَلَىٰ هُدَاهُمْ فَإِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي مَنْ يُضِلُّ ۖ وَمَا لَهُمْ مِنْ نَاصِرِينَ ٣٧
Ин таҳрис ъала ҳудаҳум фа инналлоҳа ла яҳдӣ ма-я юЗиллу ва ма лаҳум-м мин-н-насирӣн. 37.
37. Агар бар ҳидояти онҳо тамаъу кӯшиш кунӣ, (чӣ суд?). Пас, ҳаройина, Худо онро, ки гумроҳ месозад, роҳ наменамояд ва онҳоро ҳеҷ ёридиҳандае нест.
Дар ояти мазкур Пайғамбар (с) мавриди хитоб қарор гирифтаанд, яъне ай Муҳаммад, агар дар мавриди ба роҳи рост равон кардани он гурӯҳи кофирон (гумроҳон) иштиёқманд ҳастӣ ва такрор ба такрор онҳоро ба ислом даъват мекунӣ, бидон, ки онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки бо ихтиёри худ гумроҳи (куфр)-ро интихоб кардаанд. Он гурӯҳ дар кибру ғурур, ғафлату гуноҳ чунон ғарқанд, ки ҳеҷ сухан ба онҳо таъсир намекунад, зеро Худованд шахсонеро, ки куфр (гумроҳи)-ро худ ихтиёр кардаанд, маҷбуран ҳидоят намекунад, яъне маҷбуран мусулмон намекунад. То замоне ки шахси (кофир) гумроҳ худ хоҳиш накунад, ҳеҷ кас наметавонад ӯро ба роҳи рост дарорад.
Агар онҳо (яъне кофирон) гумон дошта бошанд, ки бутҳояшон ва худоҳои худбофташон, онҳоро аз азоби Аллоҳ таъоло наҷот медиҳад, ин гумонашон хатост. Дар қиёмат он гурӯҳ ҳеҷ касро намеёбанд, ки онҳоро аз азоби Худои таъоло наҷот диҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «