Сураи Наҳл Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 41

وَالَّذِينَ هَاجَرُوا فِي اللَّهِ مِنْ بَعْدِ مَا ظُلِمُوا لَنُبَوِّئَنَّهُمْ فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً ۖ وَلَأَجْرُ الْآخِرَةِ أَكْبَرُ ۚ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ ٤١

Ва-л-лазӣна ҳаҷару филлаҳи мин баъди ма зулиму ла нубаввианнаҳум фи-д-дунйа ҳасанаҳ. Ва ла аҷру-л-ахирати акбар. Лав кану яъламун. 41.

41. Ва касонеро ки барои Худо, баъд аз он ки бар онҳо ситам карда шуд, тарки диёри худ карданд, албатта, онҳоро дар дунё дар сарои некӯ ҷой диҳем. Ва агар медонистанд, ҳаройина, музди охират бузургтар аст.

Муфассирони муҳтарам сабаби нузули ояти мазкурро бо ривояти Ибни Аббос (р) барои шаш нафар ғуломи озодшудаи қурайшӣ чун Билол, Суҳайб, Аммор, Хабоб, Аббос ва Ҷубайр, ки ба хотири ақидаашон мавриди шиканҷаи мушрикон қарор доштанд, Ҳоло Худованд дар ин оят мукофоти арзандаи чунин шахсонро баён намуда фармудааст, ки ба касоне, ки ба хотири имон оварданашон зери азобу шиканҷаи мушрикони Макка қарор гирифтанд, барои ёрӣ додани дини Худованд тарки молу ҳол, хонаву диёр карда, дар роҳи ризои Аллоҳ аз Макка ба Мадина ҳиҷрат кардаанд, албатта, дар ҳамин дунё сарои нек ва мақоми хуб медиҳем. Илова бар ин, бо номи онҳо ифтихору шарафе боқӣ мемонад, ки подоши дунявии онҳост. Агар гурӯҳи ситамгар медонистанд, ки подоши бузургтари охират насиби итоаткорон аст, шояд ба худ меомаданд.

Ояти зер ин муқаддимаро такмил медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)